Рӯҳонӣ: Ҷанги имрӯзи ҷаҳон, ҷанги иродаҳост
(last modified Wed, 08 Mar 2017 11:38:03 GMT )
Март 08, 2017 16:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷанги имрӯзи ҷаҳон, ҷанги иродаҳост

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки ҳеч силоҳе бартар аз имон, муқовимат ва иттиҳоди мардум вуҷуд надорад, гуфт: Ҷанги имрӯз дар саҳнаҳои мухталиф, ҷанги иродаҳост.

Ба иттилои Ирно, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Конгресси байналмилалии бузургдошти шуҳадои ҷаҳони ислом ва рӯзи шаҳид дар шаҳри Машҳади муқаддас афзуд: Ҷавонони эронӣ дар даврони ҳаштсоли дифои муқаддас бо ирода пирӯз шуданд, ҳамонтавр, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар ҷанги иродаҳо бар режими саҳюнистӣ пирӯз шуд .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон афзуд: Ҷавонони муъмини Ҳизбуллоҳи Лубнон бидуни таҷҳизоти низомӣ тавонистанд дар баробари режими золим, ғосиб, кӯдаккуш ва ҷонии саҳюнистӣ дар ҷанги 33 рӯза биистанд, то убуҳҳати зоҳирии режими саҳюнистӣ шикаста шавад .

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: Пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон пирӯзии низомӣ набуд, балки пирӯзии иродаҳо буд ва дар ҷанги иродаҳо миллати Ироқ ҳам дар баробари террористҳо пирӯз шуданд ва саросари Ироқ ба зудӣ аз вуҷуди террористҳо поксозӣ хоҳад шуд .

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба хариди силоҳ аз сӯи бархе кишварҳои минтақа тасреҳ кард: Хариди силоҳу таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ муҷиби пирӯзӣ нест, зеро мардуми фақири Яман бо имон ва иродаи қавӣ дар баробари мутаҷовизон пирӯз шудаанд .

Рӯҳонӣ ҳамчунин тасреҳ кард: Ончи Эронро дар баробари Амрико, режими саҳюнистӣ ва муздуронаш пирӯз мекунад, танҳо силоҳ нест, балки болотар аз он имон, ирода, иттиҳод ва муқовимати мардумӣ аст .

Дар Конгресси байналмилалии бузургдошти шуҳадои ҷаҳони ислом ва рӯзи шаҳид дар шаҳри Машҳади муқаддас, илова бар ширкати 30 меҳмон аз Ироқ, Лубнон, Сурия, Покистон, Тунис ва Босния ва Ҳерсеговина, 700 нафар аз хонаводаҳои муаззами шуҳадои саросари Эрон ҳузур доранд .