Яман ҳамла ба арозии ишғолиро тайид кард/ Вуруди расми ба ҷанг
-
Яҳё Сареъ сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман
Порс Тудей- Ансоруллоҳи Яман дар баёнияи ҳамлаи мушаки ба арозии ишғолиро тайид кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабарнигори Ҷавон, Ансоруллоҳи Яман тайид кард ки ҳамлае ба арозии ишғоли анҷом доданд, ки аввалин ҳамлаи онҳодар ҷанги як моҳа дар минтақа ва аз оғози таҷовузи Амрико ва режими манҳуси саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон буда аст.
Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки рангбори аз мушакҳои болостикро ба тарафи мавозеъи низомии режими кудакуши саҳюнистӣ воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарии ишғоли шилик карда аст пеш аз ин артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ эълом карда буд, ки як мушаки шиликшуда аз Яманро шиносоӣ карда аст.
Ансоруллоҳи Яман дар баёнияи эълом кард, ки ин ҳамла дар пайи ҳадаф қарор додани зерсохтҳо ва куштори ғайринизомиён дар Эрон, Лубнон, Ироқ ва Фаластин анҷом шуда аст.
Аноруллоҳи Яман ҳамчунин эълом кард, ки амалиёти он то замони дастёби ба аҳдофи эъломшуда ва то замони тавақуфи таҷовуз зидди ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат идома хоҳад ёфт.
Яҳё Сареъ, сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман дар ин бора гуфт: Ин амалиёт ҳамзамон бо амалиёти қаҳрамононаи бародарони муҷоҳид дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон анҷом шуд ва ба луфти Худованди Мутаъол ин амалиёт бо мувафақият ба аҳдофи худ даст ёфт.
Амалиёти мо бо истиъонат аз Худованди Мутаъол то таҳаққуқи аҳдофи эъломшуда ҳамонтавре, ки дар баёнияи пеши неруҳои мусаллаҳ омад ва то поёни таҳоҷум дар тамоми ҷабҳаҳои муқовимат идома хоҳад дошт.