Март 10, 2017 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти сафири Чин аз беҳбуди равобити Эрону Арабистон

Сафири Чин дар Эрон гуфт, беҳбуди равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Арабистон ба ҳалли масоили минтақаӣ кӯмак хоҳад кард.

Понг Син, сафири Чин дар Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (ИСНА), дар бораи мавозеи Вазорати хориҷаи Чин дар заминаи миёнҷигарӣ барои беҳбуди равобити Теҳрону Риёз хотирнишон кард, Арабистону Эрон ҳарду дӯстони самимии Чин ҳастанд ва илова бар ин, беҳбуди равобити Теҳрони Риёз ба ҳалли масоили минтақа кӯмак мекунад.

Понг Син ҳамчунин бо ишора ба таомули кишвараш бо Эрон дар замони таҳримҳо зидди Теҳрон изҳор дошт, Сафорати Чин дар Теҳрон бо вуҷуди мушкилот, аз таомулу тавсеаи равобити Теҳрону Пекин, ба вижа равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар ҳимоят кард.

Сафири Чин дар Эрон гуфт, Пекин дар даврони пасобарҷомӣ ҳам аз тариқи таомули молӣ ва бонкӣ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Теҳрон идома хоҳад дод ва онро тақвият мекунад.

Сафири Чин дар Эрон дар бораи рафтуомадҳои мақомоти чинӣ ва дидор бо масъулони ҳастаии Эрон гуфт, Теҳрону Пекин дар заминаи ҳастаӣ иртиботи наздик ва дар бораи реактори Арок ҳамкории хубе доранд ва то чанд рӯзи оянда ҳайати олирутбаи ҳастаии Чин ба Эрон сафар мекунад.

 

Барчасп