Зариф бо ёдоварии Куруши Ҳахоманишӣ, посухи нодонии Нетаняҳуро дод
(last modified Mon, 13 Mar 2017 08:33:26 GMT )
Март 13, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон
    Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон

Вазири умури хориҷаи Эрон ба иттиҳомзаниҳои нахуствазири Исроил дар Маскав алайҳи эрониён посух дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар посух ба иддаоҳои ахири Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, ки дар сафари ахираш ба Русия муддаӣ шуда буд, эрониҳо дар торихи худ барои нобудии яҳудиён талош кардаанд, навишт: “Нетаняҳу барои ба  курсӣ нишондани дуруғҳои нажодпарастонаи хеш дар бораи миллате, ки се бор яҳудиёнро наҷот додааст, ба торихи ҷаълӣ ва таҳрифи таврот паноҳ мебарад. Ин одати ӯст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ба унвони замимаи паёми твиттерии худ, тасвиреро мунташир кардааст, ки вақоеи торихиро, ки Нетаняҳу онро таҳриф кардааст, шарҳ медиҳад .

Тарҷумаи матни тасвир чунин аст: “Як бор дигар Бенямин Нетаняҳу на танҳо воқеиёти муосирро таҳриф мекунад, балки ҳамзамон гузашта ва ҳатто китоби муқаддасро низ таҳриф менамояд. Воқеан таассуфовар, аст ки таассубу нажодпарастӣ ба ҷое мерасад, ки ба як миллат ки се бор дар торихаш яҳудиёнро наҷот додааст, чунин иттиҳоме ворид мешавад. Китоби Эстер баён мекунад, ки чигуна Хашоёршо дар чунин рӯзе яҳудиёнро аз тавтеаи Ҳомон наҷот дод, бори дуввум Куруш, подшоҳи Эрон яҳудиёнро аз асорат дар Бобил раҳонид ва дар замони ҷанги ҷаҳонии дуввум ҳам, ки яҳудиён дар Аврупо куштор мешуданд, эрониён ба онон паноҳ доданд”.

Нетаняҳу ин ҳафта дар талош барои инки мухолифати Эрон бо ишғолгарӣ ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро душманӣ бо яҳудиён ҷилва диҳад, дар остонаи иди яҳудии Пурим дастикам ду бор муддаӣ шуд, эрониҳо аз ду ҳазору 500 сол қабл ба дунболи нобуд кардани яҳудиён будаанд .