Disinfo | Чаро Славой Жижек намефаҳмад?
Порс Тудей - Славой Жижек, файласуфи словениягӣ, дар мақолае ба баррасии мавзӯи об дар Эрон пардохта ва суханони ҷанҷолӣ ва таваҳҳумомез матраҳ кардааст.
Ба гузориши Порс Тудей, Славой Жижек (Slavoj Žižek), устоди фалсафа дар «Мактаби олии аврупоӣ» дар мақолае аҷибу ғариб таҳти унвони «Вақте коммунизм танҳо гузина аст» дар сойти "Korean Times" 16 декабри 2025, бо ишора ба коҳиши борандагӣ дар Эрон, бавижа дар Теҳрон, онро намунае аз таҳдидоти вуҷудӣ барои ҷавомеи модерн донистааст. Жижек ба наҳви ҳайратангезе таъкид мекунад, ки танҳо бо эъломи вазъияти изтирорӣ, контроли умумӣ бар манобеъ ва ҳамкории ҷаҳонӣ метавон аз фурӯпошии иҷтимоӣ ҷилавгирӣ кард. Ӯ ин равиши танзомезро «коммунизми зарурӣ» меномад. Вай муддаӣ аст, ки роҳҳалли масъалаи об, аз ҷумла дар Эрон, навъе «коммунизм» аст.
Дар бораи дидгоҳи ин файласуфи аврупоӣ ба хусус дар бораи Эрон ва коҳиши борандагӣ бояд ба ин маворид ишора кард:
1- Жижек бидуни ин ки ба сурати айнӣ бо сафар ба Эрон ба баррасии воқеияти амр ва мушоҳидаи авзо бипардозад, сирфан бар пояи иттилоот ва тасвирсозиҳои нодуруст ва ғаразноки расонаҳои ғарбӣ иддаоҳои аҷибе дар бораи масъалаи об дар Теҳрон ва вазъияти мардуми ин шаҳр матраҳ кардааст, аз ҷумла ин ки ҳазорон нафар аз мардуми Теҳрон ба самти шимол ва баҳри Хазар гурехтаанд ва агар ин теъдод ба миллионҳо бирасад, мавҷи муҳоҷират ба Туркия ва Аврупо мӯҳтамал хоҳад буд.
Вай тасаввури комилан музҳике дар бораи азимати мардуми Теҳрон дошта ва сафарҳои охири ҳафтаи мардуми Теҳрон ба шимол ва соҳили баҳри Хазарро ба маънои фирори мардуми ин шаҳр ба далели камобӣ талаққӣ кардааст. Вақте тасаввуроти Жижек дар бораи падидае монанди мавзӯи об дар Эрон, ба хусус Теҳрон, аз асос нодуруст бошад, чигуна ӯ метавонад ба заъми худ ба ироаи роҳҳалҳо, ба хусус навъе коммунизми зарурӣ, яъне контроли умумӣ бар манобеи ҳаётӣ ва низ мудирияти изтирорӣ барои бақо бипардозад. Беҳтар аст ӯ сафаре ба Эрон, ба хусус Теҳрон дошта бошад ва пас аз мушоҳидаи воқеиятҳо аз дидгоҳи худ роҳҳалҳое пешниҳод диҳад.
2- Жижек ҳарчанд дар бораи абъод ва далоил ва паёмадҳои мавзӯи об дар Эрон, он ҳам бар мабнои тасаввуроти ваҳмолуди худ қаламфарсоӣ карда, аммо ишорае ба вазъияти об дар кишварҳои ғарбӣ, аъам аз аврупоӣ ва Амрико накарда ва фақат ба масъалаи об дар кишварҳое монанди Миср ё Афғонистон ишора мекунад. Ин дар ҳолест, ки бо афзоиши ҳарорати замин ва густариши падидаҳои иқлимии шадид, хушксолӣ дигар падидае маҳдуд ба кишвари хос нест; аз Аврупо то Африқо, аз Чин то Амрикои Ҷанубӣ, кишварҳо бо камбуди об дасту панҷа нарм мекунанд, аммо посухи онҳо ба ин масъала бисёр мутафовит аст. Дар ин росто кишварҳои ғарбӣ низ илова бар масъалаҳои мухталиф монанди фақр ва бехонумонӣ бо муъзали коҳиши борандагӣ, камбуди фазояндаи манобеи обӣ ва хушксолӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Ба унвони мисол, ба далели коҳиши боришҳо дар Англия давлат хоҳони риояти масрафи об тавассути мардум шудааст. Дар Амрико, ки кишвари паҳновар аст, ин масъала ба хусус дар иёлатҳои ғарбии ин кишвар монанди Калифорния ба чолиши бисёр ҷиддӣ табдил шудааст. Тағйироти иқлимӣ сабаб шудаанд хушксолӣ дар манотиқе рух диҳад, ки пештар бо он бегона буданд; аз коҳиши ҷараёни рӯди Миссисипи дар Амрико то хушк шудани рӯдҳои бузург дар Аврупо, масъалаҳои инсонӣ дар Шохи Африқо ва асароти занҷираии он бар иқтисоди ҷаҳонӣ дар Чин, доманаи хушксолии имрӯз фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёӣ аст. Нуктаи муҳим ин ки роҳҳалҳо барои муқобила бо коҳиши манобеи обӣ ва хушксолӣ дар кишварҳои мухталиф мутафовитанд ва ба заминаҳои хосси ҷуғрофиёӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар кишвар бастагӣ доранд.
Ва аммо сухани поёнӣ; то кунун аз ҷониби бисёре аз фалосифаи ғарбӣ интиқодоти шадиде ба тафаккур, боварҳо ва тасаввуроти вай сурат гирифтааст. Андешамандони бисёре навиштаҳои Жижекро беэътибор ва фоқиди маъно медонанд. Ноам Чомски, андешаманд ва забоншиноси амрикоӣ навиштаҳои Жижекро жестгириҳои тухолӣ хонда ва бар ин бовар аст, ки кори Жижекро аслан набояд ҷиддӣ гирифт. Ҷон Грей, файласуфи бритониёӣ низ аз Жижек ба хотири ситоиши хушунат ва суханони муҳмал ва тухолӣ интиқод кардааст.
Ба назар мерасад Жижек ҳамин равияи муҳмал ва бемуҳтаворо дар мақолаи мавриди баҳси мо низ дар пеш гирифтааст. Пешниҳоди ӯ мабнӣ бар роҳҳалли коммунистӣ барои мавзӯи об дар Эрон ба ҷои ин ки бар мабнои тасаввурот ва додаҳои саҳеҳ ва муттақан бошад, ҳосили ҷамъоварӣ ва истинтоҷ аз бисёре аз додаҳо ва иттилооти нодуруст аст.