Дурӯғ ба ҷои дипломасӣ ; Роҳбурдии собити Амрико дар ғарби Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122170-Дурӯғ_ба_ҷои_дипломасӣ_Роҳбурдии_собити_Амрико_дар_ғарби_Осиё
Порс Тудей - Нашрияи амрикоии «Foreign Affairs  » дар гузорише ба баррасии сиёсатҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё пардохт .
(last modified 2025-10-01T03:20:20+00:00 )
Сентябр 30, 2025 14:51 Asia/Dushanbe
  • Дурӯғ ба ҷои дипломасӣ ; Роҳбурдии собити Амрико дар ғарби Осиё
    Дурӯғ ба ҷои дипломасӣ ; Роҳбурдии собити Амрико дар ғарби Осиё

Порс Тудей - Нашрияи амрикоии «Foreign Affairs  » дар гузорише ба баррасии сиёсатҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё пардохт .

Нотавонии Вашингтон аз дарки воқеиятҳои минтақаӣ сабаб шудааст то дурӯғ ба ҷои дипломасӣ , ба роҳбурди собити Амрико дар минтақа табдил шавад . Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс , « таҳлилгарони сиёсӣ муътақиданд ки сиёсатҳои Вашингтон дар ховаримиёна тайи даҳаҳои ахир бар пояи маҷмӯъае аз дурӯғҳо , таваҳҳумоту худфиребиҳои шакл гирифта ки на танҳо ба фурӯпошии нуфузи Амрико дар минтақа анҷомида , балки заминасози фаҷоиъи инсонӣ ва бесуботиҳои густарда шудааст . Иёлоти Муттаҳида , ба вижа дар даврони давлати Байден , дар ҳоле аз “ талош барои оташбас дар Ғазза “ ва “ таъаҳҳуд ба роҳи ҳали ду давлат “ сухан мегуфт ки ҳамзамон маҳмӯлаҳои таслеҳотӣ ба режими саҳюнистӣ ирсол мекард ва чеки сафеди ҳимояти низомиро дар ихтиёри Тел- Авив қарор медод .

Амрико ҳамроҳи комили ҷинояти Исроил дар Ғазза

Дар ҳоле ки Кохи Сафед муддаӣ буд ба « ҷони ҳар ду тараф » аҳамият медиҳад , воқеияти майдонӣ нишон медод Вашингтон бо ҳимояти беқайду шарт аз ҳамалоти вайронгари режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза , худро шарики комили ин ҷиноёт кардааст . Ваъдаҳои такрорӣ дарбораи оташбас , гуфтугуҳоӣ бепоён ва иддаоҳои сулҳталабонаи Амрико дар ҳоле матраҳ мешуд ки шумори қурбониёни фаластинӣ аз марзи даҳҳо ҳазор нафар гузашта буд ва Ғазза ба вайронае инсонӣ ва ахлоқии табдил шуда буд .

Вашингтон шарики ишғолгар ва душмани мардуми Фаластин

Бо вуҷӯди ҳушдорҳои мукаррар дарбораи табаъоти ҳимояти кӯркӯронаи аз Тел- Авив , давлатҳои пай дар пай Амрико на танҳо сиёсати худро ислоҳ накарданд , балки бо тавҷеҳи дуруғини дифо аз демокрасӣ  ва ҳуқуқи башар , масири ишғол , шаҳраксозӣ ва муҳосираро ҳамвортар карданд . Аз замони давлати Клинтон то Байден , Вашингтон дар мақоми миёнҷӣ зоҳир шуд , аммо дар амал ба шарики ишғолгар ва душмани мардуми Фаластин бадал шуд .

Нотавонии Амрико дар дарки воқеиятҳои минтақа

Ин дурӯғҳо танҳо ба масаълаи Фаластин маҳдӯд намонд . Дар Ироқ , Афғонистон , Сурия ва Либиё низ сиёсатгузорон амрикоӣ бо бардоштҳои ғалат , таҳлилҳои ноқиси иттилоотӣ ва худбузург бинии стротежик , фоҷеъаҳоӣ рақам заданд ки миллионҳо кушта ва овора бар ҷой гузошт . Шикасти Амрико дар Афғонистон , зуҳӯри дубораи Толибон , густариши нуфузи Эрон дар Ироқ пас аз ишғол , ва тақвияти ҷараёнҳои террористӣ дар Сурия , ҳамагии нишонаҳоӣ аз заволи қудрату нотавонии Иёлоти Муттаҳида дар дараки воқеиятҳои минтақааст .

Талоши Вашингтон барои лопушонии заволи нуфу ва  нокомиҳои пай  дар пай

Таҳлилгарон мегӯянд сиёсати Амрико дар Ховаримиёна чархае аз шикастҳои такрорӣ аст ; аз ишғоли Ннзомии гирифта то пружаҳои сиёсии ноком . Ибтидои хатои муҳосиба , сипас исрор бар идомаи роҳи иштибоҳ , ва дар ниҳоят пинҳонсозии ҳақиқат бо лояе аз дурӯғ ва таблиғот . Ончӣ дар Вашингтон ба унвони « дипломасии фаъол » таблиғ мешавад , дар воқеъи талоше барои пӯшондани заволи нуфузу нокомиҳои пай дар пай аст .

Дурӯғӣ ба номи роҳи ҳали ду давлат

Дар ин миён , дурӯғ “ роҳи ҳали ду давлат “ аз боризтарин намӯнаҳост . Иёлоти Муттаҳида солҳост ин шиорро такрор мекунад , дар ҳоле ки ба хубӣ медонад режими саҳюнистӣ на танҳо ба ташкили давлати фаластинӣ эътиқоде надорад , балки амалан бо шаҳраксозӣ , тахриби хонаҳо ва поксозии қавмӣ , имкони таҳаққуқи онро аз байн бардааст . Такрори мудовими ин таваҳҳум , онро аз як хатои муҳосиботӣ ба дурӯғи ниҳодина шуда дар сиёсати хориҷии Амрико табдил кардааст .

Фурӯпошии эътмод ба нафас ва сардаргумии роҳбурдии Амрико

Воқеият инаст ки Вашингтон солҳост миёни таваҳҳуми қудрату воқеияти заъф саргардонаст . На тавони таҳмили иродаи худро дорад ва на ҳозираст шикастро бипазирад . Ба ҳамин далел , сиёсатмадорони амрикоӣ ба ҷои бознигарӣ дар рӯйкард , ба тавлиди ривоятҳои хаёлӣ рӯй овардаанд ; аз ваъдаи сулҳи қарибалвуқуъ гирифта то иддаоӣ « пешрафт дар музокирот » . Ин хушбинии сохтагӣ , нишонае аз фурӯпошии эътмод ба нафасу сардаргумии роҳбурдӣ Амрикост . Дар давраҳои мухталиф , дастгоҳи иттилоотии Амрико борҳо иштибоҳоти фоҳиш муртакиб шуд ; Аз арзёбии ғалат дарбораи пазириши тарҳи кампи Дейвид аз сӯии Ёсири Арафот гирифта то нотавонӣ дар пешбинии пирӯзии Ҳамос дар интихоботи 2006 , суқӯти сариъи Кобул , ҳамлаи ғофилгеронаи Ҳамос дар 7 октябр ва ҳатто фурӯпошии ногаҳонии режими Сурия . Аммо нуктаи муҳимтар аз хато , исрор бар такрори хато ва набӯди ҳеҷ гӯна посухгуӣ ё бознигарии ҷиддӣ дар сиёсатҳо буд .

Амрико ба ҷои ёдгирӣ аз иштибоҳот онҳоро такрор мекунад

Коршиносон мегӯянд : Амрико ба ҷои ёдгирӣ аз иштибоҳот , онҳоро ниҳодина ва такрор кардааст . Аз “ фишори ҳаддиаксарӣ “ алайҳи Эрон то ҳимоят аз диктаторҳо ба номи сқбот , аз пружаҳои миллатсозӣ дар Афғонистон то сарнигӯнии Қаззофӣ дар Либиё ; ҳама нишон аз нотавонии сохтории Вашингтон дар дарки мантиқии муқовимат ва воқеиятҳои бумӣ дорад .

Ҳар чӣ нуфузи Амрико камтар мешавад садояш баландтар мешавад

Дар шароите, ки нуфузи Амрико дар минтақаи рӯ ба уфӯл гузошта , Вашингтон мекӯшад бо ҳаёҳӯ ва таблиғоти расонаӣ , халаъи қудрати худро пинҳон кунад . Таҳлилгарон мегӯянд : « Амрико ҳарчӣ нуфузаш камтар мешавад , садояш баландтар мешавад ; чун қудрати воқеӣ оромаст .

Машрӯъияти Амрико дар минтақа аз байн рафтааст

Ба боварии нозирони минтақаӣ , даврони султаи биломунозиъи Амрико дар Ховаримиёна ба сар омадааст . Муқовимати минтақаӣ аз Фаластин то Яман , Лубнон , Ироқу Сурия нишон дода ки метавон дар баробари иродаи Вашингтон истод ва пирӯз шуд . Ончӣ имрӯзи Иёлоти Муттаҳидаро дар буҳрони фурӯи барда , на фақат шикастҳои низомӣ ё сиёсӣ , балки фурӯпошии ривоят ва машрӯъияти ахлоқии он дар баробари миллатҳои минтақа аст . Коршиносон таъкид мекунанд : Бозгашти Амрико ба воқеият танҳо замонӣ мумкинаст ки даст аз ҳимояти кӯркӯрона аз режим саҳюнистӣ бардорад , ба иродаи миллатҳои минтақаӣ эҳтироми бигузорад ва ба ҷои таваҳҳумсозӣ , ба ҳақиқати майдон ва мантиқи муқовимат тан диҳад . Дар ғайри ин сӯрат , Вашингтон ҳамчунон дар доираи дурӯғ , худфиребӣ ва заволи қудрат гирифтор хоҳад монад .