Чаро режими саҳюнистӣ аз озодии расонаҳо ҳарос дорад?
-
Чаро режими саҳюнистӣ аз озодии расонаҳо ҳарос дорад?
Порс-Тудей. Кнессети режими Исроил ба кобинаи ин режим иҷоза дод то ду соли оянда, ҳатто дар замони сулҳ ва бидуни ҳукми додгоҳ, шабакаҳои телевизионии хориҷиро дар сарзаминҳои ишғолӣ таътил кунад.
Кнессет (парлумони режими Исроил) ихтиёреро тамдид кард, ки ба кобинаи ин режим иҷоза медиҳад, шабакаҳои телевизионии хориҷии фаъол дар сарзаминҳои ишғолиро таътил кунад. Ин қонун, ки дар раъйгирии шабонаи парлумон бо 22 раъйи мувофиқ бар зидди 10 раъйи мухолиф тасвиб шуд, ихтиёри муваққати кобинаро тамдид кард.
Ин қонун дар тӯли ҷанги Ғазза барои таътил кардани расонаҳое тасвиб шуд, ки таҳдиде барои амнияти миллӣ талаққӣ мешуданд. Ин қонун ба кобина иҷоза медиҳад то ду соли оянда, ҳатто дар замони сулҳ ва бидуни ниёзи ба ҳукми додгоҳ, фаъолияти як расонаи хориҷиро мутаваққиф кунад. Дар ин чорчӯб, бастани дафтарҳои расонаӣ, мусодираи таҷҳизоти пахш ва масдуд кардани дастрасӣ ба вебсайтҳо низ имконпазир хоҳад буд. Ҳамчунин ин қонун ба вазири дифои Исроил ихтиёр медиҳад дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ низ барои ҷилавгирӣ аз пахшҳои моҳвораӣ иқдомоте анҷом диҳад.
Ин ихтиёр, ки дар ибтидо «Қонуни Алҷазира» номида мешуд, барои таътил кардани дафтарҳои ин шабакаи қатарӣ ва масдуд кардани пахши он дар моҳи майи 2024 истифода шуд. “Алҷазира” ниҳоятан дар сентябри 2024 маҷбур шуд дафтари худро дар Рамуллоҳ таътил кунад. Исроил шабакаи “Алҷазира”-ро ба табъиз ва гароиши зидди исроилӣ ва ҳимоят аз Ҳамос дар пӯшиши хабарӣ муттаҳам кард. Дар воқеъ, ҳадафи аслии ин қонун расонаҳое ҳастанд, ки сиёсатҳои Исроилро нақд мекунанд ё ҷиноятҳои ин режим алайҳи фаластиниҳоро пӯшиш медиҳанд. Тасвиби қонуни ҷилавгирӣ аз фаъолияти расонаҳои хориҷӣ дар Кнессети Исроил нишондиҳандаи тарси режими саҳюнистӣ аз расонаҳои мустақил ва озод аст.
Ин иқдомро метавон бахше аз сиёсатҳои назорати шадиди иттилоот ва маҳдуд кардани ривоятҳои мухолиф донист, ки машруияти ин режимро дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш зери суол мебарад. Ҳадафи аслии режими саҳюнистӣ ин аст, ки бо ин қонун танҳо ривояти расмии худ аз таҳаввулоти минтақа ва ҷангҳоро дар расонаҳо барҷаста кунад ва монеи интишори дидгоҳҳои мухолиф шавад. Парлумони режими саҳюнистӣ ҳамсӯ бо кобинаи ин режим, расонаҳоро ҳамчун таҳдиди амниятӣ талаққӣ мекунад.
Бо маҳдуд кардани расонаҳои хориҷӣ, режими саҳюнистӣ мекӯшад монеи шаклгирии тасвири воқеӣ аз вазъияти Фаластин ва ҳамчунин ҷиноятҳои ин режим дар афкори умумии ҷаҳон шавад. Ин қонун нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ расонаҳоро на ҳамчун абзори иттилоърасонӣ, балки ҳамчун таҳдиде алайҳи мавҷудияти худ мебинад. Дар воқеъ, расонаҳои озод бо ифшои воқеиятҳои майдонӣ, бузургтарин чолиш барои пропаганда ва ривоятсозии дурӯғин ва ғайривоқеии Исроил ҳастанд.
Воқеияти амр ин аст, ки режими саҳюнистӣ ҳақиқатро яке аз хатарноктарин душманони худ медонад, зеро абъоди ҷиноятҳои иртикобии онро ошкор мекунад. Аз ҳамин рӯ, дар тӯли солҳои гузашта роҳҳои зиёде барои муқобила бо он ба кор гирифта аст, ки дар саросари онҳо ҳамла ба расонаҳое аст, ки бо ривояти расмии ин режим ҳамсӯ нестанд ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо дар манотиқи таҳти назораташ қарор дорад. Қарори ба таътил кашондани шабакаи “Алҷазира” ва низ ҷилавгирӣ аз вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба борикаи Ғазза, шавоҳиди равшане аз ин сиёсат ва нақзи ошкори усули ҳуқуқи байналмилалӣ ва озодии баён ба шумор меравад, амре ки на танҳо «нодурустии иддаои Исроил мабнӣ бар демократӣ будани ин режим дар минтақа»-ро бармало мекунад, балки онро ҳамчун душмани шумораи яки расонаҳои озод дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.