Панҷумин даври ройзаниҳои сиёсии Эрон ва Узбакистон
Панҷумин даври ройзаниҳои сиёсӣ, миёни мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Узбакистон дар Тошканд, баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва Узбакистон дар ин дидор, бар гароишҳои мусбат дар тавсеаи равобити байнидавлатӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони милал, Созмони ҳамкории Шангхай ва Созмони ҳамкории исломӣ, таъкид карданд.
Ҳамчунин мақомоти ду кишвар алоқамандии худро барои таъмиқи равобити иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот эълом карданд.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст бештарин тамаркуз бар иҷрои масири ҳамлу нақли Узбакистон, Туркманистон, Эрон ва Уммон анҷом гирифт. "
Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири умури хорҷа, дар ин давр аз ройзаниҳо сарпарастии ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ӯҳда дошт.