Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти бархе маҳкумон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14552-Мувофиқати_Раҳбари_инқилоб_бо_афв_ё_тахфифи_муҷозоти_бархе_маҳкумон
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар остонаи милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва иди Наврӯз, бо шароит ва завобити афв ва тахфифи муҷозоти маҳкумони зиндонҳои Эрон, мувофиқат карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 13, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти бархе маҳкумон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар остонаи милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва иди Наврӯз, бо шароит ва завобити афв ва тахфифи муҷозоти маҳкумони зиндонҳои Эрон, мувофиқат карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи душанбе дар посух ба дархости оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ- Раиси қувваи қазоияи Эрон, бо шароит ва завобити афв ё тахфифи муҷозоти маҳкумоне, ки маҳкумияти онон то нуздаҳуми марти 2017, қатъият ёфта ва воҷиди шароити истифода аз афв ё тахфифи муҷозот ташхис дода мешаванд, мувофиқат карданд.