Март 14, 2017 18:49 Asia/Dushanbe
  • Маҳмуди Воизӣ ва Николай Никифоров
    Маҳмуди Воизӣ ва Николай Никифоров

Вазири иртиботот ва расонаҳои ҷамъии Русия, дар дидор бо вазири иртиботот ва фановарии иттилооти Эрон дар Маскав, пешниҳоди ҳамкориҳои сойберӣ бо Эронро матраҳ кард.

Ба гузориши ИРНА, Николай Никифоров-вазири иртиботот ва расонаҳои ҷамъии Русия, рӯзи душанбе дар поёни музокирот бо Маҳмуди Воизӣ- вазири иртиботот ва фановарии иттилоот ва раиси ҳайати эронӣ дар Маскав, афзуд, ҳадафи Русия ин аст, ки ширкатҳо ва марокизи илмӣ, таҳқиқотӣ ва навоварии ду тараф ҳамкорӣ кунанд ва тарҳҳои иртибототиро муштарак анҷом диҳанд.

Никифоров ҳамчунин дар бораи эҷоди муассисаҳои муштараки корӣ ва сармоягузорӣ байни тоҷирони русӣ ва эронӣ, аз ҷумла дар иҷрои тарҳҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, ибрози умедворӣ кард.

Маҳмуди Воизӣ ва Николай Никифоров дирӯз ҳамчунин дар бораи имзои як санади ҳамкорӣ, дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои иртибототӣ ва моҳвораӣ дар сафари ояндаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия тавофуқ карданд.

Барномарезии сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия дар 28 март, муҳиммтарин дастури кори Маҳмуди Воизӣ дар дидор бо мақомоти рус аст.