Март 17, 2017 17:29 Asia/Dushanbe
  • Сиванко Донополо: Эрон ба хубӣ аз паноҳҷуён мизбонӣ мекунад.
    Сиванко Донополо: Эрон ба хубӣ аз паноҳҷуён мизбонӣ мекунад.

Намояндаи камиссари олии паноҳандагони Созмони милали муттаҳид дар Теҳрон, аз мизбонии Эрон аз паноҳҷуёни афғон дар 40 соли гузашта қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИСНА, Сиванко Донополо, намояндаи камиссари олии паноҳандагони СММ дар Эрон гуфт, дар ҳоле ки гузоришҳои нохушоянде аз мизбонии бархе аз кишварҳои ҷаҳон аз паноҳҷӯён мунташир мешавад, Эрон ба хубӣ аз паноҳҷуён мизбонӣ ва хадамоти шоистае ироа мекунад.

Сиванко Донополо афзуд, Эрон бо гунҷондани паноҳандагон дар барномаи бимаи “Саломат”, таҳти ҳимояти давлат, ибтикори ҷадиде дар заминаи мизбонӣ аз паноҳҷӯён эҷод кардааст.

Намояндаи камиссари олии паноҳандагони СММ дар Эрон изҳор дошт, иқдоми шоистаи мақомоти Эрон бо эҷоди шароити таҳсил барои навҷавонони афғон муҷиб шуд то беш аз 350 ҳазор навҷавони афғонистонӣ, ки 48 ҳазор нафари онҳо барои нахустин бор дар мадрасаҳои Эрон сабти ном кардаанд, аз ин фурсат баҳра бибаранд.

Насир Аҳмад Нур, сафири Афғонистон дар Теҳрон низ пештар бо ишора ба ҳузури се миллион муҳоҷири афғон дар Эрон таъкид карда буд, хадамоти беназири Эрон ба муҳоҷирон нишондиҳандаи рӯҳияи навъи дӯстӣ ва эҳсоси масъулияти мардуми Эрон аст.

 

Барчасп