Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҷомеаҳои байналмилалӣ эътибори худро аз даст додаанд
(last modified Fri, 17 Mar 2017 13:00:41 GMT )
Март 17, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ иддаои ҳимояти бархе аз кишварҳои ғарбиву арабии минтақа аз ҳуқуқи башарро бешармона хонд.
    Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ иддаои ҳимояти бархе аз кишварҳои ғарбиву арабии минтақа аз ҳуқуқи башарро бешармона хонд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, сукут дар баробари куштори мусалмонон дар ҷаҳон, аз ҷумла Мянмар ва ҷиноёти Арабистони Саудӣ дар Яман, эътибори ин ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарро аз байн бурдааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба изҳороти бепояи Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон зидди Эрон ишора карду афзуд, иддаои ҳимояти Эрон аз терроризм дар минтақа дар ҳоле аст, ки саудиҳо бо таҷовузоти дусолаи худ зидди мардуми мазлуми Яман, бо кӯдаккушӣ ҳаммоми хун дар ин кишвар ба роҳ андохтаанд.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ хитоб ба мақомоти саудӣ таъкид кард: “Бо идомаи ин ҷиноёт, кишваратонро ба сӯйи нобудӣ хоҳед кашид”.

Муваҳҳидии Кирмонӣ сиёсати усулии Эронро бар асоси оёти қуръонӣ ҳамвора бар ҳимоят аз мазлум донисту афзуд, кишвари Эрон, ки дар даврони ҳукумати диктатории паҳлавӣ дастнишондаи Амрико буд, акнун ба қудрати минтақаӣ табдил шудааст.

Вай дар идомаи иддаои ҳимояти бархе аз кишварҳои ғарбиву арабии минтақа аз ҳуқуқи башарро бешармона хонду гуфт, бархе аз кишварҳо, ки худ ноқизи бузурги ҳуқуқи башар ҳастанд, акнун худро муддаии иртиқоии ҳуқуқи башар дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба баргузории интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, интихоботро имтиҳоне бузург барои мардуми Эрон ва амонати илоҳӣ донисту афзуд, мардуми Эрон бояд аз мавзӯи раъй ба фарде солеҳу шоиста дар ин интихобот ғафлат накунанд.