Тавофуқи Эрон ва Арабистон дар бораи фиристодани зоирони эронӣ ба ҳаҷ
(last modified 2017-03-17T15:35:37+00:00 )
Март 17, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
  • Тарафи арабистонӣ мутааҳҳид шуд, ки саломати ҳоҷиёни эронӣ таъмин шавад.
    Тарафи арабистонӣ мутааҳҳид шуд, ки саломати ҳоҷиёни эронӣ таъмин шавад.

Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон ва Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон пас аз музокироти тӯлонӣ барои ҳузури зоирони эронӣ дар ҳаҷҷи фарзии соли оянда ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симои Эрон, рӯзномаи “Ар-Риёз”, чопи Арабистон рӯз ҷумъа навишт, тарафи арабистонӣ мутааҳҳид шуд, ки саломати ҳоҷиёни эронӣ таъмин шавад.

Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон низ бо судури баёнияе эълом кард, Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон дар ин музокирот ҳифзи каромати ҳоҷиён, таъмини амнияти онҳо, анҷоми шиорҳои динӣ ва судури раводид барои ҳоҷиёни эронӣ аз дохили Эронро хостор шуда буд.

Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон низ дар баёнияе эълом кард, замина барои ташрифи беш аз 85 ҳазор нафар аз ҳоҷиёни Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳаҷҷи соли 1396 муҳайё шудааст.

Пештар Ҳамиди Муҳаммадӣ, сарпарасти Созмони ҳаҷҷу зиёрати Эрон дар бораи шартҳои Теҳрон барои азсаргирии ҳаҷ гуфт, бархӯрдорӣ аз ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ва консулӣ барои зоирони эронӣ, пардохти хунбаҳои 464 ҳоҷии эронии қурбонишуда дар Мино, риояти иззату каромат ва итминон аз амнияти зоирон аз шартҳои аввалияву асосии Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Арабистони Саудӣ соли 2016 ба далоили беасос монеи ҳузури зоирони бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Сурия дар маносики ҳаҷ шуд.

Ҷилавгирии саудиҳо аз эъзоми зоирони эронӣ ба ҳаҷҷи иброҳимӣ дар ҳоле буд, ки ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ дар Иди Қурбони соли 2015 дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели мудирияти нодурусти масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп