Март 18, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • Табрики фарорасидани солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо)

Фардо якшанбе 20-уми ҷамодиуссонии соли 1438 ҳиҷрӣ-қамарӣ, баробар бо 19 марти 2017 хуҷаста солрӯзи вилодат бо саодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) духтари Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо), духтари гиромии Паёмбари ислом (с), 20-уми ҷамодиуссонӣ соли ҳаштуми қабл аз ҳиҷрат ба дунё омаданд.

Ин бонуи гиромӣ аз кӯдакӣ, дар хонаи ваҳй,бо роҳнамоиҳои падараш, Паёмбари гиромии Ислом (с) ба олитарин маротиби камол, илм ва фазилат даст ёфт.

Духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчунин дар конун гарм ва бо сафои хонаи имом Алӣ (ъ) имоми аввали шиаёни ҷаҳон, ба беҳтарин ваҷҳ ба анҷоми вазоифи ҳамсарӣ ва модарӣ пардохт ва инсонҳои бузург ва ворастае ҳамчун имом Ҳасан (ъ), имом Ҳусайн (ъ) ва ҳазрати Зайнаб (саломуллоҳ алайҳо)-ро дар домони худ парвариш дод.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар ҳамаи абъод, улгӯи занони ҷаҳон ба шумор меравад ва рӯзи таваллуди эшон дар Эрон, ки мусодиф бо солрӯз таваллуди ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ аст, ба унвони рӯзи "модар" ва " зан" номгузорӣ шудааст ва дар ин рӯз аз мақоми занон, ба вижа модарон, таҷлил мешавад.  

Ба ҳамин муносибат Эрони исломӣ дар шаби мелоди бонӯи ду олам, духтари ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), садиқаи тоҳира ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) саросар, ҷашну шодӣ аст.

Манотиқи мухталиф Эрон, бавижа шаҳрҳои муқаддаси Қум ва Машҳад ҳолу ҳавои дигаре дорад ва шефтагон ва иродатмандони хонадони исмат ва таҳорат бо чароғонӣ ва озинбандии хиёбонҳо ва маъобир ва бар пойи ҷашну сурур, ин мелоди хуҷастаро ҷашн гирифтанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фарорасидани хуҷаста солрӯзи вилодати бо саодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон, табрик мегӯяд.