Март 19, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари муаззами инқилоб бар аҳаммияти шинохти ҷойгоҳи зани мусулмон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Қарор додани зан ба сурати матоъ дар ҷаҳони ғарб, ба эҳтимоли зиёд ҷузъи тавтеаҳои саҳюнистҳо бо ҳадафи нобуд кардани ҷомеаи башарӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз дар солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар дидори ҷамъе аз маддоҳон ва зокирони аҳли байт (а), ба тарвиҷи мафоҳиме ҳамчун адолати ҷинсиятӣ ва баробарии ҷинсиятӣ дар ғарб ишора карданду гуфтанд, адолат, шинохти зарфиятҳои Худододӣ ва парвариши онҳо аст .

Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд, имрӯз андешмандони ғарбӣ ва афроде, ки масоиле ҳамчун баробарии ҷинсиятиро дунбол мекарданд, аз кори худ ба  далели мафосиди ношӣ аз он пушаймон ҳастанд .

Эшон ҳамчунин сираву ҳаракати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), бонуи бузургвори ислом дар нақши як раҳбари ҳақиқӣ ва ҳамчунин як ҳамсару модари намунаро улгуи комил барои зани мусулмон хонданд .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи баёноташон, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро мисдоқи комили зани ислом ва дар болотарин тароз зани исломӣ яъне дар ҳадди як раҳбар хонданд ва бар аҳаммияти шинохти ҷойгоҳи зани мусулмон таъкид карданд .