29 исфанд солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14778-29_исфанд_солрӯзи_миллӣ_шудани_санъати_нафт_дар_Эрон
Имрӯз 29 Исфанд (19 март), шасту шашумин солрӯзи миллӣ шудани санъати нафти Эрон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 19, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • 29 исфанд солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон

Имрӯз 29 Исфанд (19 март), шасту шашумин солрӯзи миллӣ шудани санъати нафти Эрон аст.

Тарҳи миллӣ шудани санъати нафти Эрон 20 марти 1951 бо пешниҳоди аъзои Комиссияи нафт дар маҷлиси Эрон ба тасвиб расид ва нафти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд .

Пас аз як давраи сиёсии пуртаниш бо миллӣ шудани санъати нафти Эрон, дасти Британия аз санъати нафти Эрон қатъ ва ин мавзуъ мунҷар ба оғози хуруҷи тадриҷии британиаиҳо аз минтақаи Ховари Миёна шуд .

Миллӣ шудани санъати нафти Эрон ҳамчунин нуқтаи атфе дар торихи таҳаввулоти сиёсии минтақаи Ховари Миёна буд. Миллӣ шудани канали Суэтс дар Миср низ ба раҳбарии Ҷамол Абдулносир аз миллӣ шудани санъати нафти Эрон улгу гирифт .