Март 21, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми наврӯзии раисиҷумҳури Эрон ба сарони 11 кишвари минтақа

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогона, фарорасидани соли 1396 ҳиҷри шамсӣ ва иди Наврӯзро ба сарони 11 кишвари минтақа табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, дар паёмҳои ҷудогонаи худ иди Наврӯзро ба сарони кишварҳои Тоҷикистон,Афғонистон, Покистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Узбакистон табрик гуфт.

Рӯҳонӣ дар ин паём, изҳор дошт, Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз замистон ба баҳор, умед ва сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин ҷашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳаввулоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми Ислом раҳмонӣ дорад.

Раисиҷумҳури Эрон, сулҳ ва иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯзро хостаи миллатҳои муътадил донист ва гуфт, ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар, ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он, муҳаббат, ишқ ва самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷойи тақобул, ба таомул даъват намояд, чаро, ки миллатҳо бо тамассук ба умед, сулҳ ва оромиш метавонанд, дар партави иттиҳод ва таомул бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанд баромада аз каҷфаҳмӣ аз дин ва ифротгароӣ қабилае, ки ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.

Рӯҳонӣ дар поёни паёми худ, хитоб ба сарони кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Узбакистон, соли саршор аз шодкомиро барои мардуми ин кишварҳо орзӯ кардааст.