Март 21, 2017 21:08 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб:
    Раҳбари муаззами инқилоб: "Воридоти колоҳое, ки дар дохил тавлид мешавад, боястӣ як ҳароми шаръиву қонунӣ шинохта шавад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон имрӯз-сешанбе, дар ҷамъи пуршӯри зоирон ва муҷовирони Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ таъкид карданд, имсол (1396) соли муҳиме барои кишвар ба ҷиҳати ниёз ба таҳарруки муҳими иқтисодӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадафи душманро ворид овардани фишори иқтисодӣ ба миллати Эрон донистанд ва таъкид карданд: " Онҳо мехоҳанд мардумро аз низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дилсард ва дилзада кунанд".

Эшон афзуданд, авлавияти имрӯзи миллати Эрон масъалаи иқтисодӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: “Бидуни иқтисоди қавӣ наметавон ба иззату амнияти мустамар расид. Бояд ин чизҳоро таъмин кунем, бидуни иттиҳоди милливу пайванди умумии миллат бо низом, ин хостаҳо ба даст намеояд”.

 Раҳбари муаззами инқилоб дар идомаи баёноташон дар Ҳарами Разавӣ таъкид карданд: “Нуқтаи авлавиятдору калидӣ барои ояндаи кишвар, тавлиди миллӣ ва тавлиди дохилӣ аст ва мутолибаи банда такя бар рӯйи тавлиди дохилӣ аст”.

Эшон равнақи иштиғол, шукуфоии истеъдодҳо, ибтикори ҷавонон, масраф нашудани арзи боаҳамияти кишвар, ба кор афтодани пасандозҳои рукуду ҷаҳиши содиротиро намунаҳое аз фоидаҳо ва осори равнақи тавлид баршумурданд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо таъкид бар нақши муҳими масъулон дар равнақи тавлид дар кишвар хотирнишон карданд: “Эҳсоси масъулияти умуми мардум низ аз масоили муҳим дар тавлиди дохилӣ аст”.

Эшон дар идомаи табйини роҳҳои тавсеаву равнақи тавлиди дохилӣ таъкид карданд: “Воридоти колоҳое, ки дар дохил тавлид мешавад, боястӣ як ҳароми шаръиву қонунӣ шинохта шавад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин дастовардҳои дифоиву низомии кишварро фавқуллода донистанду афзуданд: “Кишваре ки аз лиҳози низомӣ қабл аз инқилоб вобастаи маҳз ба хориҷ, он ҳам ба душманоне мисли Амрико буд, имрӯз фаъолиятҳояш чашми душманро мезанад ва ӯро хашмгин мекунад”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи суханони худ афзуданд: “Бо қотеият арз мекунам, агар мудирият дар бахшҳои мухталиф мутадайин, инқилобӣ ва коромад бошад, ҳамаи мушкилоти кишвар ҳал мешавад ва мо мушкили ғайриқобили ҳал надорем”.

Эшон афзуданд: “Эрон кишвари сарватманде аст ва бехуд нест, ки султагарон чашми тамаъ бадон дӯхтаанд, аммо ин орзӯро ба гӯр хоҳанд бурд.

Раҳбари муаззами инқилоб сипас ба мавзӯи интихобот ишора ва таъкид карданд: “Интихобот дар кишвари мо бисёр муҳим аст, на фақат интихоби раёсати ҷумҳурӣ, балки интихоботи маҷлис ва шӯроҳо ҳам ҳамин тавр аст. Интихобот яке аз ду рукни мардумсолории динӣ аст”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идомаи суханонашон дар Ҳарами Разавӣ, ширкати умуми мардумро дар интихобот дар дараҷаи нахусти аҳамият хонданд афзуданд, “ин муҳимтарин хостаи мост”.

Эшон амал бар асоси қонунро дар интихобот зарурате донистанду таъкид карданд: “Натиҷаи интихоби миллат ҳарчӣ бошад, муътабару қонунӣ аст”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фармуданд: “Банда дар интихобот дахолат намекунам ва фақат як ҷо дахолат мекунам ва он ҷое аст, ки касоне бихоҳанд дар муқобили раъй ва интихоби мардум биистанду музоҳимат эҷод кунанд ва раъйи мардумро бишкананд”.