Ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои сарони ИДМ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони Шӯрои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат кард.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, 8 октябр дар шаҳри Маскав Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.
Сарвари давлат, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.
Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсатии мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.
Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар фароварди суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.
Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.