Нукоти дар бораи номаи муҳими уламои суннии эронӣ ба имом Хоманаӣ дар қадрдони аз амалиёти зидди Исроил
(last modified 2024-10-10T05:32:25+00:00 )
Октябр 10, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Нукоти дар бораи номаи муҳими уламои суннии эронӣ ба имом Хоманаӣ дар қадрдони аз амалиёти зидди Исроил
    Нукоти дар бораи номаи муҳими уламои суннии эронӣ ба имом Хоманаӣ дар қадрдони аз амалиёти зидди Исроил

Порс тудеӣ-уламои аҳли сунати Эрон дар як иқдоми муттаҳидкунанда, бо ирсоли нома ба раҳбари инқилоби исломӣ ва ситоиш аз амалиёти пурифтихор ва шуҷоъ аз ваъдаи Содиқ 2 карданд.

3 ҳазор нафар аз уламои аҳли суннати эронӣ дар номае хитоб ба имом Хоманаӣ изҳори сипос ва ҳимоят аз амалиёти Содиқ 2 кардаанд. Дар бахше аз ин нома омадааст: Ҳоло бо ҳидояти тавоно ва хирадманди ҳазрати оли ва пас аз як давра хештандори, бо дасти тавонои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, қалби сарзаминҳои ишғолшуда дар шоми 10 мехр моҳ бо оташи хашми бар асари хашми уммати исломӣ ва сарбозони Худо ҳадаф қарор гирифта, қалби ғамангези хонаводаи шаҳидон, мардуми бедифоъи Фаластин ва тамоми озодихоҳони ҷаҳон пайдо шуд бори дигар сабукӣ ва размандагони настоҳи Қудси Шариф барои муқовимат бо режими манҳуси саҳюнистӣ то охири умри ношарифи ин фарзанди ношоистаи истикбори ҷаҳони, ҷони дубора ва азми хастагинопазир бахшид.

Дар ин ҷо гуруҳе аз имомону ҷамоатҳои ҷумъа ва мубаллиғони аҳли суннати кишвар ба унвони ходими Қуръон ва маъорифи исломӣ ва роҳи ваҳдат ва ҷиҳоди табйин дар баробари қадрдонӣ аз баёноти равшангар ва хутбаҳои душманшикани ҳазрати оли дар намози ҷумъаи ахир дар Теҳрон ва таҷдиди паймон бо ормонҳои имоми Роҳил(р) ва шаҳидон ва пайравони воломақоми он пешвои бузург, изҳори сипос ва шукронаи самимии худро барои амалиёти пирузманди ваъдаи Содиқи 2 сипоҳи қаҳрамон ва қувваҳои мусаллаҳи сарбаланди Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зидди режими ғосиб ва кудаккуш ба ҳузури он раҳбари фарзона ва фармондеҳон ва муҷоҳидини фисабилилоҳ эълон мекунем.

Ба гузориши хабаргузории Порс тудеӣ, Муҳаммадкозими Анбарлуӣ, коршиноси масоили сиёсӣ, бархе аз ҷанбаҳои ин номаи муҳимро тавзеҳ додааст ва дар инҷо гузидае аз он мебинем:

Аввалин далели аҳамияти паём аз нигоҳи иттиҳоди миллат ва ваҳдатофарини аст ки комилан дар нуқтаи муқобил хастаи эътилофи ғарби-ибри қарор дорад. Ин амал нишон медиҳад, ки аҳли суннат дар канори бародарони шиъа дар муқобили кохи зулм ва зулмситези қад алам карда ва ҳозир нестанд дар баробари ҷиноятҳои истилогарон хомӯш бошанд.

Дар арсаи мардуми низ ин иттиҳод бо меҳварияти Байтулмуқаддас ва қазияи Фаластин дар ин рузҳо равшан ба назар мерасад. Вақте ки шаҳрвандони Миср ва Марокаш дар посух ба изҳороти раҳбари инқилоб дар намози ҷумъа насри фазои маҷозиро пур мекунанд ё урдуниҳо ва ироқиҳо бо мушакҳои эронӣ барои душмани саҳюнистӣ раҷаз месароянд, ин чизе ҷуз ваҳдати майдон дар уммати исломи нест, ҳамчунин аст баргузории иҷтимоъоти бузурги мардуми дар Покситон, Ҳиндустон, Туркия ва ғайра.

Сабаби дувум аҳамияти ин амал инъикоси он дар майдони набардҳои ривоятҳо аст. Душман бо истифода аз аслиҳаи расонаии худ борҳо талош кардааст, ки таҳаввулоти имрузи Фаластинро як меҳвари ташаннуҷовар ва моҷароҷуёнаи муқовимат ба раҳбарии Эрон бишиносад ва ба ин васила ихтилофафкани аҳли суннатро аз ин масъала дур кунад. Аммо дар номаи уламои аҳли суннат ба раҳбари инқилоб калиди барҷастае дошт ва он таъкид бар ҳаракат дар самти ваҳдат ва ҷиҳоди табйин аст.

Ин яъне бо вуҷуди талошҳои ғарби масири ваҳдат ба ҳавлуқувваи илоҳи дар масири дурусти он дар ҳаракт буда ва намуди барҷастаи он қарор гирифтани гуруҳи муборизи суни Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо Ҳизбуллоҳ ва Ансоруллоҳ дар рақамзадани ҳамосаҳои бузург дар масири озодии Фаластини азиз аст.

Имом Хоманаӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ахири худ ҷаҳони ғарбро хитоб қарор доданд ва бо забони фасеҳеи ҷаҳони ислом ва сарто сар мардуми дунёро дар ҷараёни ҷанги ривоятҳо дар хусуси набарди Туфон Ал-Ақсо қарор доданд.

Барчасп