Даъвати хатиби ҷумъаи Теҳрон бар ҳузури болои мардуми Эрон дар интихобот
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо таъкид бар ҳузури ҳаддиаксарии мардуми Эрон дар интихоботи соли ҷории Эрон, яъне интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои шаҳру русто, ки 19 –ми майи соли 2017 баргузор хоҳад шуд, гуфт, ҳузури ҳаддиаксарии мардум дар интихобот, буъди ҳуввияти инқилоби исломии Эронро таҳким мебахшад.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козимии Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо табрики соли ҷадиди шамсӣ (1396) ва бо ишора ба интихоботи пешорӯ дар Эрон изҳор дошт, интихобот ҳамвора дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон як рукни асосӣ буда, зеро асоси низоми ҷумҳурии исломӣ мардумсолорӣ ва намоён шудани иродаи мардумӣ аст.
Козимии Сиддиқӣ ҳамчунин баргузории интихобот дар Эронро нишондиҳандаи идомаи мардумӣ будани низоми Ҷумҳурии исломии Эрон донист.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар идома бо ишораи номгузории соли 1396 аз сӯйи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба номи “Иқтисоди муқовиматӣ: тавлид ва иштиғол” барои ҷавонон, хотир нишон кард, тавваҷуҳ ба раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоб дар иҷрои иқтисоди муқовиматӣ, роҳкушои мушкилот дар заминаҳои иқтисодиву худкифоӣ аст.
Вай ба тавтеаҳои душманони миллати Эрон дар бахшҳои фарҳангиву иқтисодӣ ишора карду гуфт, душманон саъй доранд аз тариқи таҳоҷуми фарҳангӣ, фишорҳои иқтисодӣ ва таҳрим, мардумро аз низоми исломӣ дилсард кунанд, аммо мардуми инқилобии Эрон ҳамеша пойбанд ба арзишҳои инқилоби исломӣ будаанд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, мардуми Эрон ҳеч гоҳ дар муқобили фишорҳо таслим нахоҳанд шуд ва Эрони исломӣ бо ваҳдати тамомии бахшҳо, ба масири тавсеаву пешрафти худ идома хоҳад дод.