Ифтитоҳи чандин тарҳи имронӣ, санъатӣ ва иқтисодӣ дар Курдистон бо ҳузури Рӯҳонӣ
(last modified Sun, 26 Mar 2017 04:05:17 GMT )
Март 26, 2017 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи чандин тарҳи имронӣ, санъатӣ ва иқтисодӣ дар Курдистон бо ҳузури Рӯҳонӣ

Панҷ тарҳи бузург дар бахши об, ду тарҳи кишоварзӣ ва се тарҳи санъатӣ рӯзи шанбе бо ҳузури раисҷумҳури Эрон дар Курдистон, дар ғарби Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба иттилои Ирно, панҷ тарҳи бузург дар бахши об бо иштиғолзоии се ҳазору 453 нафар ва 100 миллиард тумон ҳазина, тавассути Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба сурати видео конфронс дар шаҳрҳои мухталифи устони Курдистон ба баҳрабардорӣ расид .

Ҳамчунин амалиёти иҷроии ду тарҳи кишоварзӣ аз ҷумла амалиёти эҳдоси фазаи нахусти шабакаи фаръии обёрии поёби сарбанди Зивияи Комёрон бо ҳазинаи беш аз 108 миллиард риёл ва эҷоди иштиғол барои 380 нафар аз рустоиёни шаҳристони Комиён ва амалиёти шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашии сомонаи интиқоли сарбанди озоди Санандаҷ бо беш аз 454 миллиард риёл ҳазина, ки бо баҳрабардорӣ аз он барои беш аз 800 нафар шуғл эҷод мешавад, ба сурати видео конфронс тавассути Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шуд .

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин се тарҳи санъатӣ бо эътибори 873 миллиард риёл ва иштиғолзоии мустақим барои 224 нафарро ба баҳрабардорӣ расонд.

Ин тарҳҳо шомили корхонаи тавлиди консентраи оҳани кимёи маодини Сипоҳони Курдистон, корхонаи тавлиди консентраи Сабои нури Курдистон ва корхонаи тавлиди имплантатҳои дандонии Курдистон аст .

Рӯзи шанбе ҳамчунин бо ҳузури раисҷумҳур ва ба сурати видео конфронс, 114 истгоҳи фиристандаи рақамии Садо ва Симои Курдистон ва 2 студияи муҷаҳҳаз ба видеобор ифтитоҳ шуд ва ба баҳрабардорӣ расид. Ин истгоҳҳо шомили 24 истгоҳ дар Санандаҷ- 12 истгоҳ дар Бона -11 истгоҳ дар Биҷор-ҳашт истгоҳ дар Дивондара-панҷ истгоҳ дар Сарвобод-се истгоҳ дар Комёрон ва 2 истгоҳ дар Қурва мешавад .

Раисҷумҳури Эрон рӯзи шанбе дар сафари як рӯзаи худ ба устони Курдистон дар ғарби Эрон, 21 тарҳи муҳимро ифтитоҳ ва оғози амалиёти се тарҳи муҳимро эълом кард .