Вокуниши Эрон ба вазъи таҳримҳои ҷадиди Амрико
Муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои эҳтимолии ҷадиди Амрико алайҳи Эрон, гуфт, ин мавзуъ дар давлат ва вазорати умури хориҷаи Эрон баррасӣ мешавад ва дар сурати нақзи БАРҶОМ, Теҳрон аксуламали муносиб нишон хоҳад дод.
Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ-муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо афзуд, эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, агар нақзи тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) ҳам набошад, эътибори Амрикоро дар фазои байналмилалӣ аз байн хоҳад бурд. Ҷаҳонгирӣ бо таъкид бар ин ки иқтисоди Эрон бо иҷрои сиёсатҳои муқоваматӣ рӯз ба рӯз ба самти муқовим шудан ҳаракат мекунад, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо инсиҷом ва ваҳдат, токунун дар муқобили бузургтарин таҳримҳо муқовамат ва истодагӣ кардааст.
Шуморе аз аъзои ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ дар маҷлиси Сенати Амрико, пешнависи қонунеро бинобар ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон ироа кардаанд.
Пешнависи ин қонуни ҷадид, шомили иқдомоте ҳамчун таҳрими ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии муртабит бо барномаи мушакии Эрон аст.
Дар вокуниш ба ин иқдом, Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳам тарҳе ду фавриятӣ дар хусуси террористӣ будани артиш ва Созмони ҷосусии Амрико (СРУ), дар маҷлис матраҳ хоҳад кард.