Март 26, 2017 16:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон 15 ширкати амрикоиро таҳрим кард

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои ахири Амрико алайҳи афрод ва ниҳодҳои эронӣ ва ғайри эронӣ, аз таҳрими 15 ширкати амрикоӣ аз сӯи Эрон хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии вазорати умури хориҷаи Эрон, дар баёнияи ин вазоратхона бо истинод ба мавозини ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва бо таъкид бар иҷрои мусаввабаи Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар омадааст, вазорати умури хориҷаи Эрон, 15 ширкати амрикоиро, ки нақши онҳо дар нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар собит шудааст, аз 21 март таҳти таҳрими Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор медиҳад ва аз ин пас, ҳаргуна муровида бо ин ширкатҳо ва ниҳодҳо мамнуъ аст ва амволи онҳо дар ҳавзаи салоҳияти Эрон машмули тавқиф хоҳад буд.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар идомаи ин баёния иқдоми ахири давлати иёлати муттаҳида дар эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон ба баҳонаҳои сохтагиро ба унвони иқдоме хилофи ҳуқуқи байналмилал ва муғойр бо матн ва рӯҳи тавофуқи ҳастаӣ маҳкум ва таъкид кардааст, ки тақвият ва тавсеаи тавонмандиҳои дифоии кишвар барои дифои машрӯъ дар баробари ҳаргуна таҷовузи хориҷӣ ва иртиқои тавони боздорандагӣ дар баробари таҳдидҳо, амре қатъӣ ва тардиднопазир аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифз ва нигоҳдорӣ аз обуру ва эътибор ва тамомияти арзии худ ва таъмини амнияти мардум ҳеч маҳдудияте барои худ қоил нест.

Ба таври мустақим ва ғайримустақим дар иртикоби ҷиноёти дадманишонаи режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ, мушорикат ё муованат дошта ё аз иқдомоти террористии ин режим пуштибонӣ карда ва ё бо нақзи қатъномаи 2334 Шӯрои амният иқдом ба густариши шаҳраксозии ғайриқонунӣ дар Фаластини ишғолӣ кардаанд.

Бар асоси баёнияи вазорати хориҷаи Эрон, аз ин пас аз судури раводиди вуруд ба Эрон барои он даста аз ашхосе, ки дорои симат ё масъулияте дар ин ширкатҳо буда, ё ба навъе бо онҳо дар иртибот ҳастанд худдорӣ хоҳад шуд.

Ин баёния таъкид кардааст, дар сурати лузум теъдоди бештаре аз ширкатҳои амрикоӣ ба феҳристи афрод ва ниҳодҳои таҳти таҳрими Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуда хоҳад шуд.

Бештари ширкатҳои амрикоии таҳрим шуда аз сӯи Эрон, ширкатҳои тавлид ва хариду фурӯши аслиҳа ҳастанд.

 

Барчасп