Март 27, 2017 16:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити Эрон ва Русия ба нафъи минтақа аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, густариши равобити дуҷонибаи Эрон ва Русияро ба нафъи мардуми ду кишвар ва минтақа хонд ва гуфт, ин равобит зидди ҳеч кишвари сеюме набуда ва нахоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ-раисиҷумҳури Эрон, зӯҳри душанбе пеш аз сафар ба Русия дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон, афзуд, равобити Эрон бо Русия ба  унвони як кишвари муҳим дар минтақа, баъд аз пирӯзии Инқилоби исломӣ ва даврони ҳашт сол “Дифои муқаддас”, вориди таҳаввулоти ҷадиде шуд ва акнун низ ду кишвар, дар абъоди дуҷонибаӣ ва байналмилалӣ равобити хубе доранд.

Рӯҳонӣ сохти нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳрро яке аз намодҳои ҳамкории Эрон ва Русия донист ва гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар раванди дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ ҳам намунаи дигар, аз равобити хуби Теҳрон ва Маскав аст.

Раисиҷумҳури Эрон бо баёни ин, ки Теҳрон аз сармоягузории Русия дар бахши энержии Эрон истиқбол мекунад, тасреҳ кард, мавзӯи сармоягузории Русия дар майдонҳои нафту гази Эрон, дар дастури кори музокироти ду кишвар дар Маскав қарор дорад.

Раисиҷумҳури Эрон ба афзоиши ҳаштод дарсадии ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Русия дар соли гузашта, ишора кард ва афзуд, имрӯз фурсатҳои хубе дар замина минтақаӣ ва байналмилалӣ ва дуҷониба барои тавсеаи равобити ду кишвар вуҷуд дорад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин мубориза бо терроризмро аз иштирокҳои Теҳрон ва Маскав баршумурд ва гуфт, Эрон ва Русия муътақиданд, ки набояд аз терроризм ба унвони абзоре барои таҳаққуқи аҳдоф ва таҳаввулот дар минтақа истифода кард ва намунаи равшани он, ҳамкории Эрон ва Русия дар масъалаи Сурия ва мубориза бо терроризм ва барқарории субот дар минтақаи Ховари Миёна аст.

 

Барчасп