Март 27, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон озими Русия шуд

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даъвати расмии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ озими Маскав шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзӣ, Ҳасани Рӯҳониро дар сафар ба Русия, вазирони хориҷа, нафт, санъату маъдан, тиҷорат ва муовинони вай дар Созмони энержии атомӣ, созмони муҳити зист, Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарӣ ва раиси кулли Бонки марказии Эрон, ҳамроҳӣ мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар сафари ду рӯза ба Маскав бо мақомоти Русия, дар бораи равобит ва чашмандози густариши ҳамкориҳои дуҷониба, сармоягузорӣ ва пешрафт дар иҷрои проектҳои муштарак табодули назар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ рӯзи душанбе бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дидор ва гуфтгӯ мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин, низ қарор аст, фардо (сешанбе) дар дуввумин рӯзи сафари Рӯҳонӣ ба Маскав бо якдигар дидор кунанд.

 

Барчасп