Иддаои хандаовари ДИИШ дар бораи Эрон
Ҳамзамон бо шикастҳои пай дар пайи ДИИШ дар Ироқ ин гурӯҳи такфирии террористтӣ барои нахустин бор бо интишори навори видеоие бо забони форсӣ Эронро таҳдид ва иддаои хандаовар эълом кард, ки Эронро фатҳ мекунад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", ба назар мерасад, ин аввалин навори фидеоие муталлиқ ба ДИИШ алайҳи Эрон мебошад, ки ба муддати 37 дақиқа мунташир шудааст ва дар он ҳадди ақал се нафар алайҳи Эрон сухан мегӯяд. Дар ин навор фарди аввал, мавсум ба Абуфоруқ Форсӣ бо забони форсӣ, фарди дуюм, мавсум ба Абумуҷоҳиди Балучӣ бо забони балучӣ ва фарди сеюм Абусаид Аҳвозӣ бо забони арабӣ талош мекунанд, қавмҳои мухталифи Эронро таҳрик диҳанд.
Дар ин филм иттилооте аз таърихи сарзамини куҳани Эрон ва империяи Форс то давраи Сафавиҳо, баъд аз он ҳукумати Паҳлавӣ ва саранҷом Ҷумҳурии Исломии Эрон ироа мешавад, ки бисёре аз онҳо ғалат ва таҳриф шудааст.
Ин гурӯҳаки террористӣ бо намоиши тасвирҳое аз намояндагони ақаллиятҳои динию мазҳабӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва ҳатто уламои аҳли суннати Эрон ононро кофир ва муртад тавсиф кардааст.
Интишори ин навори видеоӣ дар шароите сурат мегирад, ки ДИИШ ин рӯзҳо дар Ироқу Сурия нафасҳои охири худро мекашад.