Март 28, 2017 17:58 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон ва Маскав 14 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Мақомоти аршади Эрон ва Русия, дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар дар Маскав, 14 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, қазоӣ ва ҳуқуқӣ, илмӣ ва фарҳангӣ имзо карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзӣ, пас аз музокироти дуҷониба, раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия дар кохи Кремл, 14 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои интиқоли маҳкумон, лағви раводиди гурӯҳи гардишгарӣ, тиҷорати барқ, тарбиятбаднӣ, варзиш, сохту сози манозил ва хадамоти умумӣ, байни мақомот ва вазоратхонаҳои ду кишвар ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум байни Маркази миллии таъйди салоҳияти Эрон ва Сервиси федералии таъйиди салоҳияти Русия, ҳамкорӣ дар ҳавзаи иртиботот ва фановарии иттилоот, ҳамкорӣ байни роҳи оҳани Эрон ва Русия, ҳамкорӣ байни Созмони энержии атомии Эрон ва ширкати давлатии энержии атомии Русия (Росатом), ҳамкорӣ миёни Ширкати миллии нафти Эрон ва Созмони заминшиносии Русия (Росгеология) ва ширкати Газпром дар заминаи газ, ҳамкорӣ байни утоқи бозаргонӣ, саноат ва маодини Эрон ва Бунёди рус Конгресс ва қарордоди проекти барқӣ кардани хатти рейлии Гармсор- Инчабурун ва ирсоли таҷҳизот, аз асноди имзо шуда, миёни Эрон ва Русия буд.

Ҳамчунин миёни намояндагони бахши хусусии Эрон ва Русия мувофиқатномаҳое ба имзо расид.

Раисиҷумҳури Эрон асри душанбе дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, вориди Маскав шуд.

 

Барчасп