“Глоспӯш”-и Эрон қаҳрамони мусобиқоти футболи соҳилии бошгоҳҳои ҷаҳон шуд
Нахустин давраи мусобиқоти футболи соҳилии бошгоҳҳои ҷаҳон бо қаҳрамонии тими муқовимати “Глоспӯш”-и Язд ба поён расид.
Ба гузориши ИРНА, дар дидори ниҳоии футболи соҳилии бошгоҳҳои ҷаҳон шаби чаҳоршанбе тими “Глоспӯш”-и Язд бо натиҷаи ҳафт бар сифр тими “Спортинг”-и Лиссабони Португалияро шикаст дода қаҳрамон шуд.
Мусобиқоти футболи соҳилии бошгоҳҳои ҷаҳон ба муддати се шаб бо ҳузури тимҳои муқовимати “Глоспӯш”-и Язд ба унвони намояндаи Эрон ва се тими аврупоӣ, “Ливанта”-и Испания, “Спортинг”-и Лиссабони Португалия ва “Локомотив”-и Маскав дар Язд баргузор шуд. Дар поёни ин рақобатҳо тими муқовимати “Глоспӯш”-и Язд бо касби 9 имтиёз ба мақоми қаҳрамонӣ расид, тими соҳилии “Локомотив”-и Маскав бо 3 имтиёз ва “Спортинг”-и Лиссабони Португалия бо 2 имтиёз дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд.