Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Дар муқобили ҳар таҳдиде мустаҳкам истодаем
-
Оятуллоҳ Саид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон муқобил ба ҳар таҳдиде истодааст ва ба ҳар таҷовузи эҳтимолӣ посухи қотеъ, мустаҳкам ва пушаймонкунанда хоҳад дод.
Оятуллоҳ Сайид Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон афзуд, то замоне ки низому истиқлоли Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди таҳдид қарор нагирифтааст, Эрон вориди муқобилияти мустақим нахоҳад шуд. Оятуллоҳ Хотамӣ ба роҳандозии лоиҳаи муҷаддади эронҳаросӣ дар Ғарб ишора ва таъкид кард, эронҳросӣ дар Ғарб ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа ва Ховари Миёна мавзӯи тозае нест ва иллати он ҳам ҳокимияти Ислом дар Эрон аст, зеро ин асл мавҷудияти ононро ба хатар андохтааст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба ҷиноятҳои Арабистон дар Яман ва куштори мардуми бегуноҳи ин кишвар ишора карда гуфт, иллати идома ёфтани ин кушторҳо дар Яман ирсоли силоҳи амрикоӣ, аврупоӣ ба Арабистони Саудӣ ва сукути ҷомеаи байналмилалӣ аст ва ин мавзӯъ парвандаи муддаиёни ҳимоят аз ҳуқуқи башарро сиёҳтар кардааст.
Имоми ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин 12-уми фарвардин (якуми апрел), Рӯзи ҷумҳурии исломиро рӯзи собит шудани мардумсолории динӣ дар Эрон дониста гуфт, мардуми Эрон дар он рӯз (якуми апрели соли 1979) фақат ба низоми ҷумҳурии исломӣ раъй дода, ба ҷумҳурият ва исломияти Эрон ҳувият бахшиданд.