Апрел 03, 2017 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷойгоҳи нахусти Эрон дар поёни сеюмин марҳалаи Лиги ҷаҳонии карате

Тими каратеи Эрон бо касби се медали тилло ва чаҳор биринҷӣ дар макони нахусти ҷадвали радабандии сеюмин марҳалаи Лиги ҷаҳонии соли 2017 қарор гирифт.

Ба гузориши федератсияи карате, дар сеюмин марҳалаи Лиги ҷаҳонии соли 2017, ки ба каратеи «ван» машҳур аст, тими Эрон бо касби шаш медали тилло ва биринҷӣ дар катаи инфиродӣ ва як медали биринҷӣ дар катаи тимӣ дар макони нахусти ҷадвали радабандӣ қарор гирифт .

Пас аз Эрон тими Испания бо ду тилло ва ду нуқра дувувм шуд ва Италия низ бо ду тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ дар ҷойгоҳи сеюм истод.

Тими Донишгоҳи озоди исломии Эрон низ дар катаи тимӣ пас аз Италия ва Испания ва ба таври муштарак бо тими Фаронса ба мақоми сеюм ва медали биринҷӣ расид .

Сеюмин марҳалаи Лиги ҷаҳонии карате дар соли 2017 мавсум ба каратеи ван дар шаҳри Дубайи Иморот баргузор шуд .

 

Барчасп