Ҳамаи беморони эронӣ дар дохили кишвар дармон мешаванд
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, гуфт, эъзоми бемор барои дарёфти хадамот дармонӣ ба хориҷ аз Эрон, тақрибан ба сифр расидааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алии Ҷаъфариён дар ҳошияи дидори наврӯзии Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо ҷамъе аз мудирон ва раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, афзуд, фаъолият дар ҳавзаи саломат густурдааст ва марокизи дармонии кишвар метавонанд, ниёзи кишварро бароварда кунанд.
Вай афзуд, маркази рушди улуми доруии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, беш аз 40 намуд дорӯ тавлид кардааст ва умед меравад, дар се соли оянда 12 намуди дигар ба он изофа шавад.
Ҷаъфариён ҳамчунин гуфт, донишмандони эронӣ дар Донишгоҳи Теҳрон, работи ҷарроҳӣ тавлид кардаанд, ки ба зудӣ ба баҳрабардорӣ мерасад.