Эрон иқдоми террористӣ дар Русияро маҳкум кард
-
Дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт- Петербурги Русия дастикам 10 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳодисаи террористӣ дар метрои Санкт- Петербурги Русия, бо миллат ва давлати ин кишвар ва бозмондагони ин ҳодисаи таассуфбор ибрози ҳамдардӣ кард.
Баҳроми Қосимӣ баён кард, эҷоди ноамнӣ ва куштори инсонҳои бегуноҳ бо ҳар ҳадаф ва ангезае маҳкум аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ ҳамвора зарурати мушорикати ҷомеаи байналмилалӣ барои муқобилаи ҷиддӣ бо терроризмро фориғ аз ангезаҳои он ёдовар мешавад.
Қосимӣ афзуд, азму иродаи ҷиддии ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои хушкондани решаҳои терроризм зарурӣ аст.
Рӯзи душанбе бар асари инфиҷори террористие дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт- Петербурги Русия дастикам 10 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд.