Апрел 04, 2017 20:15 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ ҳодисаи террористӣ дар Санкт-Петербургро ба Путин таслият гуфтанд
    Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ ҳодисаи террористӣ дар Санкт-Петербургро ба Путин таслият гуфтанд

Раисони ҷумҳури исломии Эрон ва Тоҷикистон кушта ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди Русияро дар инфиҷори террористии шаҳри Санкт-Петербург ба ҳамтои руси худ таслият гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон рӯзи сешанбе дар паёми таслияте ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни ҳамдардӣ бо давлати Русия ва хонаводаи қурбониёни ин инфиҷори террористӣ, барои бозмондагони ин ҳодисаи ногувор, сабру оромиши хотир орзу кард .

Рӯҳонӣ дар паёми таслияти худ таъкид кард, решакании тамомии шаклҳои терроризм бидуни таваҷҷуҳ ба ангезаҳои он, ниёзманди талоши ҷамъии ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамкории ҳамаи кишварҳо барои муқобила бо хостгоҳи фикрӣ ва ҳомиёни ин гурӯҳҳои ҷинояткор аст .

Рӯҳонӣ ҳамчунин бори дигар омодагии Эронро барои ҳаргуна ҳамкорӣ бо давлати Русия дар мубориза бо терроризм эълом кард .

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ зимни ирсоли паём ба Владимир Путин, ҳодисаи инфиҷор дар метрои Санкт-Петербургро ба ӯ ва мардуми Русия ва ба вижа ба хонаводаҳои қурбониёни фоҷеа таслият гуфт.

Раҳмон дар паёми худ иқдоми террористӣ дар Санкт-Петербургро маҳкум кард ва ҳамоҳангии талошҳоро барои аз байн бурдани терроризм ба унвони хатари даҳшатбори қарн хостор шуд .

 

Барчасп