Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳомиёни террористҳо омили ҳамлаҳои кимиёӣ дар Сурияанд
(last modified Fri, 07 Apr 2017 11:39:50 GMT )
Апрел 07, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳомиёни террористҳо омили ҳамлаҳои кимиёӣ дар Сурияанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, Амрико ва ҳомиёни минтақаии террористҳо силоҳу маводи кимиёиро дар ихтиёри гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия қарор додаанд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои мушакии бомдоди рӯзи ҷумъаи Амрико ба Сурия таъкид кард, кишварҳои ҳомии террористҳо бо дурӯғгӯӣ артиши Сурияро, ки муқобили гурӯҳҳои террористӣ ба муваффақият расидааст, муттаҳам ба ҳамлаи кимиёӣ мекунанд.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ бо ишора ба ҳимояти молӣ ва силоҳии Амрико ва бархе кишварҳои минтақа аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия хотирнишон кард:"Ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ, ки худ силоҳи кимиёӣ дар ихтиёри онон дар Сурия қарор додаанд, муддаии мубориза бо терроризм ҳастанд". Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба авзоъи кунунии минтақа ва ҷаҳон низ ишора кард ва афзуд, иқдомоти Амрико дар минтақа, ҷиноятҳои режими Исроил ва Арабистони Саудӣ дар Яман аз бузургтарин мусибатҳои ҷаҳони имрӯз аст.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру русто дар Эрон дар рӯзи 19-уми маи 2017 ишора кард ва гуфт, миллати Эрон дар рӯзи интихобот бо ваҳдат ва якпорчагӣ дар овоздиҳӣ ширкат хоҳад кард.