Апрел 08, 2017 07:52 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Ҷавод (а) фархунда бод!

Даҳуми раҷаби 1438 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо ҳаштуми апрели 2017, солрӯзи вилодати босаодати Имом Муҳаммад Тақӣ (а), аз наберагони паёмбари мукаррами ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.

Имом Муҳаммад Тақӣ (а) рӯзи даҳумӣ раҷаби соли 195 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина ба дунё омаданд ва пас аз шаҳодати падари бузургвораш Имом Ризо (а), ӯҳдадори масъулияти раҳбарии мусалмонон шуданд.

 Лақаби мубораки Имом Муҳаммад Тақӣ (а), Ҷавод-ул-аимма аст.

Имом Ризо (а) дар бораи манзалати фарзандашон Имом Ҷавод (а) фармуданд: «Ман дорои писаре шудаам, ки ҳамчун Мӯсо (а) шикофандаи дарёҳои илм аст.»

Имом Ҷавод (а) дар сини ҳаштсолагӣ ба имомат расиданд ва даврони имомати он ҳазрат 17 сол будааст, яъне эшон даврон имоматашонро аз кӯдакӣ то ҷавонӣ гузарондаанд.

Дар даврони имомати Имом Ҷавод (а), фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ рушд карда буданд ва улуму фунуни соири миллатҳо мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифта буд, бинобар ин эшон вориди баҳсҳои илмӣ ва эътиқодӣ шуданд ва дар мунозира бо пайравони адёни мухталиф, ки мухолифи ислом буданд, ҳаққонияти дини мубини исломро собит мекарданд.

Мардуми Эрон дар солрӯзи вилодат босаодати Имом Муҳаммад Тақӣ (а) бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ ва маънавӣ, ба вижа ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) падари бузургвори Имом Ҷавод (а), ҷашн‎ҳоеро баргузор ме‎кунанд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати Имом Муҳаммад Тақӣ (а)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.