Рӯҳонӣ: Амрикоиҳо фикр мекунанд полис ва қозии ҷаҳон ҳастанд
-
Рӯҳонӣ: Гурӯҳи байналмилалии ҳақиқатёб бидуни ҳузури амрикоиҳо ташкил ва дар он баррасӣ шавад, ки силоҳҳои химиявӣ дар Сурия аз куҷо омада ва чӣ касе онро овардааст?
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия гуфт, амрикоиҳо фикр мекунанд полис ва қозии ҷаҳон ҳастанд.
Амрико бомдоди ҷумъа ба баҳонаи ҳамлаи химиявии машкук сешанбеи гузашта ба вилояти Идлиби Сурия, 59 мушак аз рӯйи ду нови ҷангии худ дар баҳри Медитарона ба пойгоҳи ҳавоии “Ашшаъирот” дар Ҳумси Сурия шиллик кард, ки бар асари он 9 ғайринизомии сурӣ, аз ҷумла чаҳор кӯдак кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҳамоиши "Иқтисоди муқовиматӣ ва тавсеаи рустоӣ" дар Теҳрон, ташкили як гурӯҳи байналмилалии ҳақиқатёбро бо ҳузури кишварҳои бетараф барои баррасии мавзӯи бакоргирии силоҳҳои химиявӣ дар Сурия хостор шуд.
Рӯҳонӣ бо баёни ин ки давлати Сурия тибқи эъломи Созмони милали муттаҳид силоҳи химиявӣ надорад, афзуд: “Ин гурӯҳи байналмилалии ҳақиқатёб бояд бидуни ҳузур ва раёсати амрикоиҳо ташкил ва дар он баррасӣ шавад, ки силоҳҳои химиявии ба кор гирифташуда дар Сурия аз куҷо омада ва чӣ касе онро овардааст”.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тарҳи ин савол, ки таҷовузи Амрико ба як кишвари мустақил ба чӣ баҳонае сурат гирифтааст, таъкид кард: “Ҳамаи террористҳои Сурия аз ҳамлаи таҷовузгароёна, вақеона ва золимонаи Амрико, ки бар хилофи ҳама усули байналмилалӣ аст, хушҳол шуданд”.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи мубориза бо террористҳо таъкид кард, агар амрикоиҳо дар гуфтаи худ содиқ ҳастанд, чаро дар аввалин иқдом ба террористҳо кӯмак карданд ва алайҳи артиши Сурия вориди амал шуданд?.