Фархунда зодрӯзи амиралмуъминин Алӣ ибни Абитолиб (а) муборак бод!
Сешанбе сездаҳуми моҳи раҷаби соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 11 апрели 2017, солрӯзи милоди ҳазрати амиралмуъминин Алӣ (а) аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар сездаҳуми моҳи раҷаб дар ҳоле, ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима Бинти Асад шикофта ва ӯ вориди хонаи Каъба шуда буд, мутаваллид шуданд .
Ҳазрати имом Алӣ (а) аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ назди расули гиромии ислом (с) парвариш ёфтанд .
Эшон нахустин фарде буданд, ки ба ислом имон оварданд ва дар ҳамаи мароҳили таблиғ ва тарвиҷи дайни мубини ислом, аслитарин ёригари набии акрам (с) ба шумор мерафтанд .
Дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи вилодати имоми аввали шиаёни ҷаҳон, рӯзи падар номгузорӣ шудааст ва мардуми муъмин ва Худоҷуйи Эрони исломӣ илова бар ҳузур дар маконҳои муқаддас ва баргузории ҷашнҳои мухталиф, дар шабу рӯзи солрӯзи вилодати ҳазрати имом Алӣ (а), ба падарони худ адои эҳтиром мекунанд .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати имом Алӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд .