Милоди Имом Алӣ (а) муборак!
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i15616-Милоди_Имом_Алӣ_(а)_муборак!
Алӣ ибни Абитолиб (23 сол қабл аз ҳиҷрат, соли 40-и қамарӣ) саҳобӣ, ровӣ, писарамӯ ва домоди Паёмбари акрам (с) аст. Ӯ ҳамсари ҳазрати Фотима ва котиби ваҳй аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 11, 2017 17:50 Asia/Dushanbe

Алӣ ибни Абитолиб (23 сол қабл аз ҳиҷрат, соли 40-и қамарӣ) саҳобӣ, ровӣ, писарамӯ ва домоди Паёмбари акрам (с) аст. Ӯ ҳамсари ҳазрати Фотима ва котиби ваҳй аст.

Имом Алӣ (а) дар Каъба зода шудааст. Ӯ нахустин касе буд, ки ба Паёмбар (с) имон оварда, бо фармони Худо ва ишораи рӯшани Паёмбар (с) ҷонишини Расули Худо (с) аст. Паёмбари Ислом (с) ақди ухуввати худро бо эшон баст.

Дар ҳамаи ғазваҳои Паёмбар (с), ба ҷуз ҷанги “Табук”, ки бо фармони Паёмбар (с) дар Мадина монд, ширкат дошта, пурифтихортарин фармондеҳи Ислом буд.

Осори мактуби бисёре бо забонҳои мухталиф дар бораи Имом Алӣ (а) навишта шудааст.