Апрел 12, 2017 14:25 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки дарёии Эрону Қазоқистон

Новгурӯҳи эъзомии Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, муташаккил аз новшикани Дамованду новчаи мушакандози Пайкон, асри сешанбе барои аввалин бор дар бандари Актауи Қазоқистон дар баҳри Хазар паҳлӯ гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, новгурӯҳи эъзомии Нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳангоми вуруд ба бандари Актауи Қазоқистон мавриди истиқболи мақомоти ин кишвар қарор гирифт.

Новгурӯҳи Эрон имрӯз- чаҳоршанбе дар размоиши муштараки дарёӣ бо Қазоқистон ширкат хоҳад кард.

 

Барчасп