Апрел 13, 2017 11:34 Asia/Dushanbe

Мустанади “Бо ҳам”, ки ба таҳиякунандагии Муртазо Нидоӣ ва коргардонии Миҷгони Сайёдӣ, перомуни мардуми Тоҷикистон ва иштирокоти фарҳангиашон бо Эрон сохта шудааст, аз шабакаи “Мустанад”-и Эрон пахш шуд.

Ба гузориши “Меҳр”, Миҷгони Сайёдӣ, коргардони мустанади “Бо ҳам” гуфт, ин мустанад дар соли 2012-и мелодӣ дар кишвари Тоҷикистон сохта шуда ва ба фаъолиятҳо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни ду кишвар пардохтааст.

Вай бо баёни ин ки “Бо ҳам” бо ҳадафи эҷоди ваҳдат ва дӯстии Эрон ва Тоҷикистон сохта шуда, афзуд: “Сохтори филм бар асоси пардохтан ба пешина ва таърихи муштараки ду кишвар ва равобити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии то ба имрӯзи Эрон ва Тоҷикистон шакл гирифтааст".

Сайёдӣ гуфт: “Дар тӯли филм бо се гурӯҳ аз эрониёне, ки аз солҳо пеш дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳамроҳ мешавем ва бо онҳо дар бораи фаъолиятҳои муштаракшон бо тоҷикистониҳо ва таъсироте, ки ин фаъолиятҳо бар дӯстии ду миллат гузошта, гуфтугӯ мекунем. Аз ҷумлаи ин афрод Амирҳусайни Сомӣ, пизишки эронӣ аст, ки дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе кор мекунад”.

“Бо ҳам” дар маҷмӯаи “Синамои ҳақиқат”, 8-уми апрел аз шабакаи “Мустанад”-и телевизиони Эрон пахш шуд.