Апрел 13, 2017 14:43 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Гурӯҳи ҳафт, иддаосозии ғарб дар бораи тавони мушакии Эрон

Вазирони умури хориҷаи Гурӯҳи ҳафт, дар баёнияи поёнии нишасти дурӯзаи худ дар Италия, дар идомаи фарофиканиҳояшон алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон, аз барномаи мушакии Эрон ибрози нигаронӣ карданд. Гурӯҳи ҳафт (G7) аз ҳафти кишвари санъатии Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон, Канада, Англия ва Амрико ташкил шудааст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ин баёния гуфт, моҳият ва наҳваи тарроҳии мушакҳои баллистики ҷумҳурии исломии Эрон ба гунаест, ки озмоишҳои мушакии Эрон ҳеч муғойирате бо мусаввабаҳои Шӯрои амният надорад.

Ингуна таҳаррукот дар воқеъ дар тазод бо ҳуқуқ ва конвенсияҳои байналмилалӣ дар умури дифоӣ аст. Зеро асли ҳаққи дифои машруъро нафӣ мекунад. Савол ин аст, ки мутобиқи кадом Конвенсияи байналмилалӣ доштани мушак ба унвони як силоҳи дифоии мутаориф боздорандаи таҳдид маҳсуб мешавад?

Дар инки Эрон дар ҳавзаи дифоӣ гомҳои баланде бардоштааст, шакке нест. Аммо ин кишварҳо дар ҳоле иддаои нигаронӣ аз барномаи дифои мушакии Эронро матраҳ мекунанд, ки худ дар ҳоли истиқрори сомонаҳои мушакӣ бо зарфияти ҳамли кулоҳакҳои атомӣ ва таҳоҷумӣ дар манотиқи мухталиф ҳастанд ва Амрико борҳо Эронро ба истифода аз гузинаи низомӣ таҳдид кардааст. Сиёсати таҳдиднамоии Эрон аз сӯи Амрикои пайваста дунбол шудааст. Ин таҳаррукот дар як тақсими кор аз сӯи дастгоҳи сиёсати хориҷӣ ва Конгресси Амрико созмондеҳӣ ва дар қолаби баёнияҳои муштарак дунбол мешавад. Ин таҳаррукот баъд аз гузашти беш аз яксол аз иҷрои ноқиси БАРҶОМ, бо шуруи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп абъоди тозае бахуд гирифтааст.

Бадеҳист, ҷумҳурии исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба сатҳи таҳдидҳо ва бо дар назар гирифтани илзомоти дифоӣ ва авлавиятҳо, роҳбурди дифоии худро бар мабнои боздорандагӣ танзим кардааст. Ин роҳбурд ҳечгуна манъи байналмилалӣ надорад.

Эрон борҳоу дар олитарин сатҳ эълом кардааст, ки ниёзе ба силоҳи атомӣ надорад ва худро ба муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) комилан мутааҳҳид медонад. Бар ин асос, мушакҳои баллистики Эрон барои ҳамли кулоҳаки атомӣ тарроҳӣ нашудаанд. Бо вуҷуди ин, Амрико бо сиёсати фарофиканӣ, дифои мушакии Эронро таҳдид ва омили бесуботкунанда дар минтақа муаррифӣ мекунад. Аммо чолиши Амрико баунвони саҳнагардони аслии ин ҷарён пайванд задани тавони мушакии Эрон бо мавзуи БАРҶОМ аст, ки ҳеч рабте ба якдигар надоранд.

Бинобарин, Амрико ду роҳ пешору дорад. Роҳи аввал нақзи БАРҶОМ ва убур аз тааҳҳудоти байналмилалиаш дар ин замина аст, ки бо таваҷҷуҳ ба мухолифати сареҳи Иттиҳоди Аврупо бо ҳаргуна нақзи БАРҶОМ ва қатъномаи Шӯрои амният дар ин хусус, мавзеи Амрико ҳифзи БАРҶОМ, аммо тазъифи он аз дарун аст. Дар воқеъ гузинаи матлуби Амрико дар ин замина дар ваҳлаи нахуст пайванд додани БАРҶОМ бо мавзуи мушакӣ аст. Дар ғайри ин сурт ҳадафи баъдии Амрико боз кардани парвандаи ҷудогонае шабеҳи мавзуи ҳастаӣ барои тавони мушакии Эрон аст, ки барои ин кор ба эҷоди иҷмоъ бо дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад. Баёнияи Гурӯҳи 7 дар Италия низ иқдоме дар ҳамин росто аст.

 

 

Барчасп