Апрел 13, 2017 21:32 Asia/Dushanbe
  • Мақбараи Аттори Нишопурӣ дар шаҳри Нишопури Эрон
    Мақбараи Аттори Нишопурӣ дар шаҳри Нишопури Эрон

25 фарвардин баробар бо 14 апрел- дар тақвими миллии Эрон ба номи “рӯзи миллии шайх Фаридуддин Муҳаммад Аттори Нишопурӣ, номгузорӣ шудааст.

Рӯзи миллии Аттори Нишопурӣ аз яксу, фурсати гаронбаҳое барои па‍жуҳишгарон ва атторшиносон аст, ки ёфтаҳои худро аз дарёи бекарони шеър ва ирфони ӯ, ба баҳсу табодули назар бигузоранд ва аз сӯи дигар мавқеияти муносибе барои умуми мардум аст, то бо гӯшаҳое аз андеша ва ҳунари ин шоири бузург ошно шаванд.

Шайх Фаридуддин Муҳаммад Аттори Нишопурӣ- дар соли 540 ҳиҷрии қамарӣ мутаваллид шуд ва дар соли 618 ҳ.қ, дар қатли оми Нишопур дар фитнаи Муғул, дорифониро видоъ гуфт.

Мусибатнома, Илоҳинома, Мухторнома, Асрорнома, Мантиқуттайр, Хусравнома, девони ғазалиёт, қасоид ва Тазкиратулавлиё, аз ҷумлаи осори машҳури Аттори Нишопурӣ аст.

Мақбараи Аттори Нишопурӣ дар фосилаи наздике аз оромгоҳи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ, дар шаҳри Нишопур қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи доктор Ризо Ашрафзода-устоди адабиёти форсӣ ва атторшинос, Шайх Аттор аз назари ирфонӣ, дорои ҷойгоҳе бисёр барҷаста ва аз назари адабӣ яке аз шоирони бузурги забон ва адабиёти форсӣ аст, ки дар ҳавзаи ирфон беш аз 30 - 40 маврид, навоварӣ дошта ва Мавлавӣ дар ҳамин замина аз Аттор баҳра гирифтааст.

Маҳди Сайидӣ- пажӯҳишгар низ гуфт, дорӯ ва дармоне, ки Аттор барои ҷомеаи худ таҷвиз кард, ҳамон ишқу имон аст, аз ин рӯ аст, ки ишқу имон дар осори ӯ, мавҷ мезанад.

Вижа барномаҳои “Рӯзи миллии Аттор”, аз рӯзи чаҳоршанбе дар устони Хуросони Разавӣ оғоз шуда ва то ҷумъа аср идома дорад.

Ҳамоиши илмӣ-пажӯҳишии “Рӯзи милли Аттор” низ бо ҳузури ҷамъе аз соҳибназарон ва адибони эронӣ ва хориҷӣ, ҷумъа дар Нишопур баргузор мешавад.