Омодагии Эрон барои кӯмак ба Афғонистон
Муовини Осиё ва уқёнусияи вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Маскав (пойтахти Русия) бо таъкид бар ин ки вазъияти амниятии Афғонистон матлуб нест, ирсоли паёми қотеъ ба террористҳо дар хусуси мусаммам будани кишварҳои минтақа барои мубориза бо терроризмро зарурӣ хонд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Иброҳими Раҳимпур дар ин нишаст бо ишора ба мизбонии Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳудуди 3 миллион паноҳҷӯи афғон, хотирнишон кард, Эрон омодагӣ дорад бо давлати Афғонистон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар ва ҳалли мушкилоти дохиливу минтақаӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ кунад.
Кишварҳои ширкаткунанда дар ин нишаст бо таъкид бар ин ки буҳрони Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, таъкид карданд, омодаанд барои ҳалли буҳрони ин кишвар бо давлати Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
Дар ин нишаст илова бар намояндагони Эрон, Афғонистон ва Русия, намояндагони кишварҳои Чин, Ҳинд, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ ҳузур доштанд.
Бар асоси баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия, Амрико бо ин ки барои ҳузур дар ин нишаст даъват шуда буд, аммо ба далоили номаълум аз ширкат дар он худдорӣ кард.
Адами ҳузури Амрико дар нишасти сулҳи Афғонистон дар ҳоле аст, ки Вашингтон яке аз авомили аслии густариши терроризму ноамнӣ дар Афғонистон аст.
Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризму таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурд.