Апрел 15, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтарони баскетболисти Эрон дар баробари Ӯзбакистон

Тими миллии баскетболи сенафараи духтарони Эрон, ки ба сурати расмӣ дар мусобиқоти Қазоқистон ширкат кардааст, муваффақ ба шикасти Ӯзбакистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, тими миллии баскетболи сенафараи духтарони Эрон асри имрӯз (шанбе) бо Қазоқистон ва фардо бо Қирғизистон мусобиқа медиҳад.

Мусобиқоти сенафараи Қазоқистон аз имрӯз оғоз шуд ва асри фардо бо баргузории мароҳили ниҳоӣ ва финал ба поён мерасад.

Духтарони баскетболисти Эрон баъд аз солҳо ба сурати расмӣ бо ҳиҷоби исломӣ дар мусобиқоти бурунмарзӣ ширкат кардаанд.