Амирабдуллоҳиён: Амрико дар ҷинояти террористҳо зидди мардуми Фуа ва Кафриё нақш дорад
(last modified Sun, 16 Apr 2017 15:43:33 GMT )
Апрел 16, 2017 20:43 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Амрико дар ҷинояти террористҳо зидди мардуми Фуа ва Кафриё нақш дорад

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ иқдоми низомии Амрико зидди Сурияро мушаввиқи террористҳо ба иртикоби ҷинояти ҷангӣ алайҳи мардуми Фуаа ва Кафриё донист.

Артиши Амрико ба баҳонаи сохтагии истифодаи артиши Сурия аз силоҳи химиявӣ дар минтақаи Хон Шайхун дар Идлиб, шимоли ғарби ин кишвар, бомдоди ҷумъаи гузашта пойгоҳи ҳавоии Алшаиротро дар устони Ҳимси Сурия мушакборон кард .

Пас аз ин ҳамла, асри шанбе инфиҷори мошини бомбгузоришуда байни корвони аҳолии Фуа ва Кафриё дар минтақаи Алрошидини Ҳалаби Сурия, дастикам 120 кушта ва 224 захмӣ барҷо гузошт, ки кушташудагон умдатан зану кӯдак ҳастанд .

Ҳусайни Амирабдуллоҳиё, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ рӯзи якшанбе бо интиқод аз ҳамлаи низомии ахири Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Алшаирот дар устони Ҳимси Сурия гуфт: Иқдоми низомии Амрико на фақат омили руҳиябахш ба террористҳо буд, балки сабаби ташвиқи онон ва иртикоби ҷинояти террористии зидди занону кӯдакони Фуа ва Кафриёи озодшуда аз муҳосираи террористҳо шуд .

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ҳамчунин муқовимати мардуми Сурия ба вижа аҳолии сабури Фуа ва Кафриёро муқобили террористҳо ва ҳомиёнашон сутуданӣ донист ва аз талоши давлати Сурия дар наҷоти мардуми Фуа ва Кафриё аз муҳосираи террористҳо қадрдонӣ кард .

Ду шаҳраки шианишини Фуа ва Кафриё дар шимоли Идлиб аз 28 марти 2015 ва пас аз суқути шаҳри Идлиб дар шимоли ғарби Сурия ҳаммарз бо Туркия ба муҳосираи террористҳо даромад .

 

Барчасп