Эрони ҷузъи 10 кишвари тавлидкунандаи ваксинаи фалаҷи атфол
Муовини таҳқиқ ва тавлиди фаровардаҳои биологии Муассисаи таҳқиқоти ваксина ва хунобасозии Розӣ гуфт: Эрон бо тавлиди ваксинаи хурокии фалаҷи атфол, ҷузъи 10 кишвари бартари тавлидкунандаи ин ваксина дар ҷаҳон аст.
Ба гузориши Ирно, Алии Исҳоқӣ рӯзи душанбе бо ишора ба инки ваксинаи фалаҷи атфоли Муассисаи Розӣ дар чаҳор даҳаи гузашта, эминтарин ваксинаи дунё будааст, афзуд: Эрон бар хилофи соири кишварҳо, ки ваксинаи фалаҷи атфолро бар руи ҳуҷайраи праймери кулияи маймун таҳия мекунанд, танҳо кишварест, ки аз ҳуҷайраи диплоиди шуши инсон ба унвони бистари ҳуҷайраии тавлиди ин ваксина истифода мекунад .
Исҳоқӣ гуфт: Ба рағми инки Эрон дар минтақае хатарнок бо шуюъи болои ин вирус қарор дорад, аммо бо таваҷҷуҳ ба сатҳи эминии бисёр болои ваксинаи фалаҷи атфол, дар 16 соли ахир ҳатто як маврид аз ибтило ба ин беморӣ дар Эрон гузориш нашудааст.
Муовини таҳқиқ ва тавлиди фаровардаҳои биологии Муассисаи Розӣ бо ишора ба инки чанде пеш Эрон бо тавлиди ваксинаҳои фалаҷи атфоли тавлидшуда тавассути Муассисаи Розӣ муваффақ ба дарёфти гувоҳиномаи решакании фалаҷи атфол аз сӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт шудааст, тасреҳ кард: Дар ҳоли ҳозир пушиши ваксинасиюни фалаҷи атфол дар кишвар ба 100 дарсад расидааст .