Амрикои пайбандии Эрон ба тааҳҳудоти БАРҶОМ-ро тайид кард
Раисҷумҳури Амрико пайбандии Эронро ба тааҳҳудоти худ дар барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) тайид кард.
Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе бо ирсоли номае ба Пол Райан, раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар эълом кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо тайиди пайбандии Эрон ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, таълиқи таҳримҳои ҳастаиро барои як давраи 90 рӯзаи дигар тамдид кардааст .
Тиллерсон таъкид кард, давлати Амрико барои арзёбии ин мавзуъ, ки оё идомаи таълиқи таҳримҳо дар ростои манофеи миллии Амрико қарор дорад, дар ҳоли баррасии тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон аст .
Раисҷумҳури Амрико бояд ҳар 90 рӯз якбор дастури таълиқи таҳримҳое, ки иҷрои онҳо ба муҷиби БАРҶОМ мутаваққиф шудаастро содир кунад .
Барак Обама, раисҷумҳури пешин дар охирин рӯзи фаъолияти худ дар симмати раёсатҷумҳурӣ, таҳримҳои Эронро дар як бозаи ҳаддиаксарӣ таълиқ карда буд .