Апрел 20, 2017 16:00 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Бонки ҷаҳонӣ аз афзоиши тиҷории Эрон

Бонки ҷаҳонӣ, дар гузориши ҷадиди худ аз афзоиши болои тиҷорати Эрон хабар дод.

Бонк ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе бо интишор гузорише аз афзоиши болои тиҷорати тавлиди нохолиси миллии Эрон, аз 2/ 7 дарсад дар соли 2015 ба 6 / 5 дарсад дар соли 2017 хабар дод.

Гузориши Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, касри молии Эрон дар соли оянда соли 2018 табдил ба мозод (зиёда бар эҳтиёҷ) мешавад.

Бонки ҷаҳонӣ пешбини кардааст, рушди иқтисоди Эрон то соли 2019 болотар аз 4 дарсад боқи бимонад, ки ин мизони боло тарози рушди иқтисодии тамоми кишварҳои содиркунандаи нафт дар минтақа хоҳад буд.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, Эрон пас аз БАРҶОМ ба далели ҷазби бештари сармоягузории мустақими хориҷӣ ба хусус дар бахши нафт, дубора конуни таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст.

Сандуқи байналмилалии пул, низ дар гузориши ахири худ, рушди иқтисодии Эрон дар соли 2016-ро 6.5 дарсад эълом карда буд.