Зариф: Амрико муваззаф аст ба тааҳҳудоти худ амал кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16040-Зариф_Амрико_муваззаф_аст_ба_тааҳҳудоти_худ_амал_кунад
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахир Рекс Тиллерсон-вазири хориҷаи Амрико гуфт, иттиҳомоти бепояи Амрико наметавонд, эътирофи ин кишвар ба иҷрои тааҳҳудоти БАРҶОМ-ӣ тавассути Эронро бипушонад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 20, 2017 13:10 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико муваззаф аст ба тааҳҳудоти худ амал кунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахир Рекс Тиллерсон-вазири хориҷаи Амрико гуфт, иттиҳомоти бепояи Амрико наметавонд, эътирофи ин кишвар ба иҷрои тааҳҳудоти БАРҶОМ-ӣ тавассути Эронро бипушонад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон, дар сафҳаи Твиттери худ навишт, Амрико муваззаф аст, масири худро тағйир дода ва ба тааҳҳудоти худ амал кунад.

Рекс Тиллерсон-вазири хориҷаи Амрико ахиран гуфтааст, тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БАРҶОМ) дар ҷилавгирӣ аз дастёбии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ шикаст хӯрдааст. Вай бо баёни ин ки ин тавофуқ фақат дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаиро ба таъвиқ андохтааст, муддаӣ шуд, ин тавофуқ намоди рӯйкарди шикастхӯрдаи гузаштааст, ки ҳам акнун моро бо вазъияти хатари қарибулвуқуъи Кореяи Шимолӣ мувоҷиҳ кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Тиллерсон дар номае ба Пол Райан-раиси Маҷлиси намояндагони Амрико эътироф кард, Эрон ба ҳамаи тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ пойбанд буда ва Кохи Сафед, таълиқи таҳримҳоро ба муддати 90 рӯз тамдид кардааст.

Пештар вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳорот ва мавозеи зидди БАРҶОМ-ии ҳайати ҳокимаи ҷадиди Амрико, сароҳатан ба ҳамаи тарафҳои гурӯҳ 5+1 эълом кард, БАРҶОМ на як тафоҳуми дуҷониба миёни Эрон ва Амрико, балки санаде чандҷониба ва мавриди таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи байналмилалӣ аст, ки ҳамаи тарафҳои БАРҶОМ, масъулияти муштарак барои нигаҳдорӣ аз он аз тариқи иҷрои комили тааҳҳудҳои худ ба ӯҳда доранд.

Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) 14 июли 2015 мувофиқатномаеро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон имзо карданд; Ин мувофиқатнома 16 январи 2016 иҷроӣ шуд.

Амрико ба унвони яке аз аъзои гурӯҳи 5+1, аз иҷрои тааҳҳудҳои худ дар қолаби БАРҶОМ сарпечӣ мекунад ва бо иқдомоти худ, тавофуқи ҳастаиро нақз кардааст.